Узбакистону Туркманистон дар масири тавсеаи ҳамкориҳои стратегӣ

Ду кишвари Туркманистон ва Узбакистон баёнияи тавсеаи ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд.

Раисони ҷумҳури Узбакистон ва Туркманистон дар поёни музокирот дар шаҳри Ишқобод баёнияи оид ба тавсеаи ҳамкориҳои стратегиро имзо карданд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Узбекистон ва Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Ҷумҳурии Туркманистон дар поёни музокироти худ дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон баёнияи оид ба амиқсозии шарикии стратегиро имзо карданд.

Дар чаҳорчӯби сафари расмии Шавқат Мирзиёев, миёни ду кишвар вазоратхонаҳо идораҳои ду кишвар дар маҷмӯъ 13 санад, аз ҷумла нақшаи тадбирҳои амалӣ барои солҳои 2022-2024 дар заминаи густариши муколамаҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, табодули фарҳангӣ, қарордоди тавсеаи равобити иқтисодии хориҷии дуҷониба ва танзими фаъолияти хонаҳои тиҷорӣ дар қаламрави ду кишвар ба имзо расид.

Инчунин, созишномаи ҳамкории илмию техникӣ, барномаи тадбирҳои амалӣ оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, шартномаи бақайдгирии доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, гумрук, ветеринарӣ ва чорводорӣ ва дигар арсаҳо имзо шуд.

Дар баҳсҳои ҳайатҳои ду кишвар бо ҳузури президентҳо зарурати истифодаи муассиртар аз иқтидорҳои “бузург”-и Узбакистону Туркманистон таъкид шуд.

Бар асоси ин гузориш, минтақаи тиҷории марзии Узбакистон ва Туркманистон, ки дар ҳамин дидорҳо аз сӯи раисҷумҳурон ифтитоҳ шуд, бояд ба густариши равобити доираҳои тиҷоратӣ ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳо мусоидат кунад.

Президентҳо дар заминаи ҳамлу нақл дар мавриди тавсеаи коридорҳо дар масири шарқ-ғарб ва шимол-ҷануб аз ҷумла истифода аз тавонмандиҳои Бандари Туркманбошӣ мувофиқат карданд.

Президенти Узбекистон гуфт: “мо итминон дорем, ки талошҳои муштараки мо ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ва шукуфоии ду кишвар мусоидат хоҳад кард”.

Мубодилаи тиҷорӣ миёни Узбакистон ва Туркманистон дар соли 2021 дар сатҳи 881 миллиону 900 ҳазор доллар қарор гирифтааст, ки нисбат ба соли 2020 ҳудуди 61 дарсад бештар мебошад.

Айни ҳол дар Узбакистон 160 ширкат бо сармояи сармоягузорони туркман дар бахшҳои мухталиф фаъолият доранд.

Туркманистон истиқлоли Узбакистонро 7 январи соли 1993 ба расмият шинохт ва дар ҳамин санаи соли 1993 равобити сиёсӣ миёни ду кишвар барқарор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад