Роҳи ҳалли ғалаба ба терроризм аз нигоҳи мансабдори СҲШ

Мақомоти Шанҳай гуфт: Муваффақияти мубориза бо терроризм танҳо ба амалҳои муштарак вобаста аст.

Раиси кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанҳай (СҲШ) гуфт: “мубориза бо созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ дар сурати муборизаи муштарак ва ҳамоҳанг бо ин падидаи хатарнок муваффақ хоҳад шуд”.

Руслан Мирзоев, раиси кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанҳай гуфт: “Терроризмро танҳо дар сурати андешидани тадбирҳо барои ошкор ва ҷилавгирӣ аз марказҳо ва созмонҳои ифротгаро метавон шикаст дод ва ингуна иқтидори ҷангии онро аз байн бурд”.

Мирзоев дар ин бора зимни конфронси байналмилалии «Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи амният ва назорати марзҳо ҷиҳати мубориза бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористон», ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, матраҳ кардааст”.

Ба гуфтаи ӯ, вазъи кунунии байналмилалӣ печида аст ва ба сатҳи бесобиқаи бӯҳрони ҷаҳонии нобоварӣ дучор шудааст. Мушкилот ва таҳдидҳои нав системаи амнияти байналмилалиро зери хатар гузоштаанд. Дар гузоришҳои ниҳодҳои салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ аз он шаҳодат медиҳанд, ки созмонҳои террористӣ дар чунин шароит талош доранд, фаъолияти худро фаъол созанд.

Ин мансабдори СҲШ гуфт: “Коршиносон ба талошҳои созмонҳои байналмилалии террористӣ барои таҷдиди нирӯҳои худ, эҳёи иқтидори ҷангӣ тавассути ҷалби аъзои нав ва дарёфти маблағҳои изофӣ барои ҳамлаҳои террористии реактивӣ бо қурбониён ишора мекунанд”.

Тибқи эълони ӯ, дар феҳристи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай беш аз 10 ҳазор нафар номи афроде мавҷуд аст, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд. Ҳамчунин, беш аз 200 созмони террористӣ, ифротӣ ва таҷзияталаб сабти ном шудааст, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави кишварҳои узв мамнӯъ аст.

Мирзоев таъкид кард, ки ҳамкориҳои амалии ниҳодҳои иктишофӣ ва амниятии кишварҳои узви СҲШ ҷиҳати ошкор кардани террористон ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати онҳо тавассути марзҳои кишварҳои узв тақвият бахшида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии фаромарзӣ, новобаста аз марзи кишвар ва мансубияти этникӣ ва нажодӣ бо ҳамдигар робитаи зич доранд. Дар чунин вазъият ҳамкории бештари ниҳодҳои амниятӣ ва иктишофии кишварҳои узв зарур аст.

Раиси кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар идома дар идома гуфт: “дар ин замина хадамоти марзбонии кишварҳои узв дар чаҳорчӯби созмони амалиёти муштарак сурат мегирад. Аз ҷумла, чанд рӯз пеш тамрини зиддитеррористии “Манесар-Антитеррор-2022”, ки таҳти раҳбарии мақомоти Ҳинд баргузор шуд ва ҳудуди се моҳ ба тӯл анҷомид, бо муваффақият анҷом ёфт”.

Вай дар бахши дигари суханронии худ афзуд: “амнияти кишварҳои узви СҲШ ба ташаккули як низоми муассири ҳамаҷонибаи идораи марзҳо мустақим марбут аст. Ин система бояд стандартҳои ҳамоҳангшудаи ҳифзи сарҳад, назорати интиқоли аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, муҳимот ва дигар асбобҳои харобкунанда, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонуниро дар бар гирад”.

Мирзоев ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон 1500 нафари таҳти пайгард боздошт ва аз беш аз 40 амали террористӣ ҷилавгирӣ шудааст. Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки фаъолияти ҷиноии террористон бештар ҷанбаи сиёсӣ ба худ мегирад, ки ҷуғрофиёи фаъолияти террористӣ гувоҳ бар ҳамин масъала мебошад.

Ба гуфтаи ин масъули Созмони ҳамкориҳои Шангҳай, шумори аъзои созмонҳои байналмилалии террористӣ дар ҳамсоягии Осиёи Марказӣ беш аз 13 ҳазор нафар ва шумори аъзои “вилояти Хуросон” ҳудуди 6000 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, “Таҳрик Толибон” Ҷунбиши Покистон” ҳудуди 6000 ҳазор нафар, “Ҷунбиши “Туркистони исломии Шарқӣ” ҳудуди 400 нафар, “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ” ҳудуди 250 нафар, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҳудуди 250 нафар, “Ал-Қоида” ҳудуди 250 нафар, “Ҷундуллоҳ” ҳудуди 200 нафар ва “Ҳаракати исломии Туркистон” тақрибан 100 нафар дониста мешавад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шумори аъзои “Лашкари Тайба” ва “Ҷайш Муҳаммад” дар ҳоли мушаххас шудан мебошад.

Бо дарназардошти ин масъала ва зарурати истифодаи тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда дар мубориза бо терроризм, ӯ гуфт: “албатта, мубориза бо терроризмро аз нигоҳи самаранокӣ метавон ба раванди даравидани алаф муқоиса кард, ҳар қадар бештар дарав, ҳамон микдор ғафс мешавад. Танҳо замоне метавон ба терроризм ғалаба кард ва зарфияти ҷангии онро аз байн бурд, ки ба таври муштарак иқдомоте барои шиносоӣ ва маҳори марказҳо ва созмонҳои ифротӣ анҷом шавад, ки барои ҷазби сетизаҷӯёни ҷадид, ба вижа ҷавонон, амалиёти равонӣ анҷом медиҳанд. Мо талош мекунем то бо идеологияи ифротгароӣ ва корхонаҳое, ки сабаби эҷоди он мешаванд, мубориза кунем”.

Раиси кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай изҳори итминон кард, ки қарори ҷаласаи ахири Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд ба созмондеҳии иқдомот барои тақвияти салоҳияти шӯрои сохтори минтақаии зиддитеррористии ин созмон кумак хоҳад кард.

Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки рушди равишҳои дастаҷамъона дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ омили боэътимоди таъмини суботу амният ва рушди кишварҳои узви ин созмон гардад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад