Поёни маъмурияти сафири Қатар дар Душанбе

Маъмурияти дипломатии сафири Қатар дар Тоҷикистон ба поён расид.

Маъмурияти дипломатии сафири Қатар дар Тоҷикистон ба поён расид.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Иброҳим бин Муҳаммад ал Абдуллоҳ, сафири Қатар дидору гуфтугӯ кард.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, зимни суҳбат тарафҳо дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ намуда, инчунин роҷеъ ба натиҷаҳои Конфронси амниятии Душанбе табодули назар карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба сафир барои хизматҳои шоиста дар таҳкими муносибату ҳамкории дӯстонаву судманд миёни Тоҷикистону Давлати Қатар изҳори сипос намуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Тоҷикистон ва Қатар масоили бозори кор, касбомӯзӣ, равандҳои асосии муҳоҷирати корӣ дар бозори байналмилалии меҳнат, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кориро баррасӣ карданд.

Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар мулоқот бо сафири Қатар дар Тоҷикистон Иброҳим бин Муҳаммад Ал-Абдуллоҳ масоили марбут ба татбиқи созишномаи амалкунанда дар ҷиҳати ҷалби қувваи кории Тоҷикистон ба Қатар ва вазъи бозори меҳнатро баррасӣ кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла масоили марбут ба татбиқи созишномаи амалкунанда дар ҷалби қувваи кории Тоҷикистон ба Давлати Қатар, инчунин масъалаҳои марбут ба соҳаҳои меҳнат, аз ҷумла роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои минбаъда дар самти муҳоҷират ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Манбаъ қайд кардааст, ки :

“Тарафҳо ба муҳимияти масъалаҳои бозори меҳнат, касбомӯзӣ, равандҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ дар бозори байналмилалии кор, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони корӣ ва раванди демографӣ будани муҳоҷират таъкид намуда, ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳо таъкид намуданд”.

Ёдрас менамоем, ки қаблан давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор дар сохтмон, инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва бахши хизматрасонии иҷтимоӣ даъват карда буд.

Қаблан миёни мақомоти Тоҷикистону Қатар масоили ба таври муташаккилона сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон ба Давлати Қатар, бақайдгирӣ ва барасмиятдарории муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Тоҷикистон дар Давлати Қатар, ҳимояи ҳуқуқ, омӯзиши малакаҳои забондонӣ, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ зимни фаъолияти корӣ дар Давлати Қатар мавриди муҳокима қарор гирифта буд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад