Чашмандози равобит меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистону Италия

 

Дар дидори муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафири Италия дар Душанбе ва намояндаи вижаи шаҳри Рум вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди равобити ду кишвар баррасӣ шуд.

Шараф Ширализода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар иртибот бо баргузории намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ “Экспо-2030” бо “Агостино Пейн”, сафири Италия дар ин кишвар ва Ромео Орланди, фиристодаи вижаи Рум дидору гуфтугӯ кардааст.

Дар ин дидор вазъият ва дурнамои рушди равобити миёни кишварҳо баррасӣ шуд.

Бахусус дар ин дидор ҳамкориҳои Тоҷикистону Италия дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, башардӯстона ва ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муносибатҳои тиҷоратӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва таҳкими равобити муассисаҳои фарҳангию маърифатии Тоҷикистону Италия аз масъалаҳои дигари мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад