Коҳиши дархостҳо барои гирифтани шаҳрвандии Русия

Шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз, ки қаблан барои гирифтани шаҳрвандии Русия сахт мекӯшиданд, ҳоло аз дарёфти шаҳрвандӣ худдорӣ мекунанд.

Шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз, ки қаблан барои гирифтани шаҳрвандии Русия сахт мекӯшиданд ва маблағҳои зиёде ҳам дар ин роҳ масраф мекарданд, ҳоло аз дарёфти шаҳрвандӣ худдорӣ мекунанд.

Шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз, ки қаблан барои гирифтани шаҳрвандии Русия сахт мекӯшиданд ва маблағҳои зиёде ҳам дар ин роҳ масраф мекарданд, ҳоло аз дарёфти шаҳрвандӣ худдорӣ мекунанд.

Бо вуҷуди ин ки вуруди муҳоҷирон ҳатто дар пайи шурӯъи басиҷи нисбӣ ба артиш дар Русия тағйир наёфт, шаҳрвандони хориҷиии муқими Русия бо доштани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) қаноат карда, ҷараёни гирифтани шиносномаро ба вақти дигар мегузоранд.

Дар ин бора роҳбари Маркази таҳқиқоти таҳлилӣ ва амалии равандаҳои муҳоҷират Вячеслав Поставнин ба Известия изҳори назар кардааст. Вячеслав Поставнин гуфтааст: “Мисли қабл шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон дар Русия кору зиндагӣ кардан мехоҳанд. Ҳамчунин шаҳрвандони Озарбойҷону Арманистон ва Украинаву Молдова. Зеро дар ин ҷойҳо бахусус дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойҳои корӣ зиёд нашуда, рӯзгорашон ҳам беҳбудӣ наёфтааст. Дар Русия бошад, шуғлу сатҳи баланди маош боқӣ монд”.

Ба гуфтаи Поставнин, дар робита ба маъракаи қисман сафарбарӣ ба амалиёти низомии махсус танҳо рафтори касоне, ки мехостанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд, тағйир ёфтааст. Кишварҳои дигар аз ҷумла Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандони муқими худ дар қаламрави Русия ҳушдор додааст.

Коршинос гуфтааст: “Пеш аз ҳама, сухан дар бораи шаҳрвандони он кишварҳое меравад, ки раҳбарияти онҳо иштироки шаҳрвандони худро дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина, ҳатто то ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан барои ин кор манъ кард. Бахусус, ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл дорад”.

Ӯ тазаккур дода, ки хориҷиён ҷараёни гирифтани шиносномаро мутаваққиф карда, бо доштани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) қаноат мекунанд.

Вячеслав Поставнин илова кардааст: “Бо ин ҳуҷҷатҳо кору зиндагӣ кардан мумкин аст. Занони хориҷӣ, ки ба маъракаи қисман сафарбарӣ ба артиш ҷалб намешаванд, мисли пешин ба корашон ва гирифтани шиносномаи Русия идома медиҳанд”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад