Нигаронии Юсуф Раҳмон оиди афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон

Юсуф Раҳмон дар ин нишаст ки дар пойтахт Тоҷкистон баргузор шуда,афзуд: “қочоқи маводи мухаддир ҳимояти молӣ аз терористҳо аст”.

Додситони кулли Тоҷикистон дар конфронси ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақаӣ барои мубориза ба тероризм гуфт ки қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тақрибан ду баробар шудааст. Юсуф Раҳмон дар ин нишаст ки дар пойтахт Тоҷкистон баргузор шуда,афзуд: “қочоқи маводи мухаддир ҳимояти молӣ аз терористҳо аст”.

Конфронси “ҳамкории байналмиллаӣ ва минтақаии амният ва мудирияти марзҳо  барои муқобила ба бо тероризм ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати тероризмҳо”  рӯзи сешанбе 18 октябр барои ду рӯз оғоз ба кор кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт дар солҳои ахир домани таҳдидоти ношӣ аз тероризм ва ифротгароӣ ба таври пайваста дар ҳоли густариш аст ва фаъолияти тероризм беш аз пеш фаромиллӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон аз “фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон” иброзӣ нигаронӣ кард ва пешниҳод дод ки дар атрофи Афғонистон як камарбанди амниятӣ эҷод шавад.

Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон аз дигар нигарониҳои Тоҷикистон аст.

Додситони кулли Тоҷикистон дар ин конфронс гуфт ки дар соли 2021 кашфу забти маводи мухадир аз Афғонистон тақрибан ду баробар шудааст.

Ӯ гуфт фақат дар соли гузашта 4 тонн маводи мухадир дар кишвар забт шуда ки нишон медиҳад ҷараёни маводи мухаддир аз Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Додситони кулли Тофикистон хитоб ба ширкаткунандагон таъкид кард ки ин вазъият зарурати тақвияти ҳамоҳангии фаъолиятҳо дар мубориза бо маводи мухаддирро металабад.

Ин конфронси дурӯза бо ҳамкории Созмони милал ва Аврупо, Тоҷикистон, дафтари мубориза бо тероризми  Созмони милал, Итиҳодияи Аврупо, Арабистони Саудӣ ва Қатар ба мизбонии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст. Ба ҷуз аз Қирғизистон, фиристодаҳои аксар кишварҳои минтақа дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ барои ширкат дар нишасти мубориза бо терроризм ба Душанбе омаданд.

Қайд карда мешавад, ки мавзӯи суҳбати аксари иштирокдорон дар ин нишасти Душанбе таҳдидҳо ва хатарҳо аз Афғонистон баъди ба қудрат расидани гурӯҳи тундрави Толибон буд. Владимир Тарабрин, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия, “аз ҳамла ваҳшатноки террористӣ ” ба сафорати ин кишвар дар Кобул ёд кард. Дар ин таркиш, ки рӯзи 5-уми сентябри имсол рух дод, ду кас кушта ва камаш 11 нафар захмӣ шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад