Афзоиши ду баробарии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон

Додситони кулли Тоҷикистон дар конфронси ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақаӣ барои мубориза бо тероризм гуфт, ки қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тақрибан ду баробар шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон дар конфронси ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақаӣ барои мубориза бо тероризм гуфт ки қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон тақрибан ду баробар шудааст.

Юсуф Раҳмон дар ин нишаст ки дар пойтахт Тоҷкистон баргузор шуда,афзуд: “қочоқи маводи мухаддир ҳимояти молӣ аз терористҳо аст”.

Конфронси “ҳамкории байналмиллаӣ ва минтақаии амният ва мудирияти марзҳо  барои муқобила ба бо тероризм ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати тероризмҳо”  рӯзи сешанбе 18 октябр барои ду рӯз оғоз ба кор кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт дар солҳои ахир домани таҳдидоти ношӣ аз тероризм ва ифротгароӣ ба таври пайваста дар ҳоли густариш аст ва фаъолияти тероризм беш аз пеш фаромиллӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон аз “фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон” иброзӣ нигаронӣ кард ва пешниҳод дод ки дар атрофи Афғонистон як камарбанди амниятӣ эҷод шавад.

Қочоқи маводи мухадир аз Афғонистон аз дигар нигарониҳои Тоҷикистон аст.

Додситони кулли Тоҷикистон дар ин конфронс гуфт ки дар соли 2021 кашфу забти маводи мухадир аз Афғонистон тақрибан ду баробар шудааст.

Ӯ гуфт фақат дар соли гузашта 4 тонн маводи мухадир дар кишвар забт шуда ки нишон медиҳад ҷараёни маводи мухадир аз Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Додситони кулли Тофикистон хитоб ба ширкаткунандагон таъкид кард ки ин вазъият зарурати тақвияти ҳамоҳангии фаъолиятҳо дар мубориза бо маводи мухадирро металабад.

Ин конфронси дурӯза бо ҳамкории Созмони милал ва Аврупо, Тоҷикистон, дафтари мубориза бо тероризми  Созмони милал, Итиҳодияи Аврупо, Арабистони сауди ва Қатар баргузор шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

КДАМ-и Тоҷикистон сокинони Фархорро аз таҳдидҳои терроризму экстремизм ва гардииши маводи мухаддир аз тарафи Афғонистон ҳушдор доданд.

Намояндагони КДАМ-и Тоҷикистон бо сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ мулоқт карда онҳоро ба зиракии сиёсӣ даъват карданд.

Дар ин вохӯрӣ намояндагону собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, раисон, имомхатибон ва сокинони ҷамоатҳои наздисарҳадии ноҳия масъалаи таҳдиди терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротиро баррасӣ краданд.

Кормандони КДАМ гуфтанд, вазъи имрӯзаи Афғонистон талаб мекунад, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо такя ба маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор.

“Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд — ин муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва барпокунандаи нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад”, – зикр шуд дар мулоқот.

Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки ҳифзи пурраи сарҳад – ин таъмини истиқлолият, ваҳдат, манфиати миллӣ ва иқтисодиёти он мебошад.

“Сарҳадбони тоҷик имрӯз на фақат марзи аҷдодии худро ҳимоя мекунанд, балки барои зиндагии оромонаи кишвар ва мардуми худ бори масъулияти хеле зиёд бар дӯш доранд”, – таъкид шудааст дар ин дидор.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад