Facebook ва Instagram дар рӯйхатти созмонҳои террористии Русия

Мақомоти Русия ширкати молики Фейсбук, Инстаграм ва Ватсап — Meta-ро террористӣ эълон карданд. Ин ширкат дар рӯйхати созмонҳои террористии Русия ҷой гирифт.

Мақомоти Русия ширкати молики Фейсбук, Инстаграм ва Ватсап — Meta-ро террористӣ эълон карданд. Ин ширкат дар рӯйхати созмонҳои террористии Русия ҷой гирифт.

Мақомоти Русия ширкати молики Фейсбук, Инстаграм ва Ватсап — Meta-ро террористӣ эълон карданд. Ин ширкат дар рӯйхати созмонҳои террористии Росфинмониторинг — ниҳоди назорати молии Русия ҷой гирифтааст.

Ҳамроҳ бо Meta ҳаракати зиддиҷангии ҷавонон — «Весна», ки алайҳи ҷанг дар Укроин баромад мекунад низ терористӣ эълон шудааст.

Охири моҳи марти 2022 яке аз додгоҳҳои Маскав ширкати Meta-ро тундгаро номида, фаъолияташ дар Русияро манъ кард. Дар ҳамин ҳол, ду шабакаи иҷтимоии марбут ба Meta — Facebook ва Instagram мамнӯъ эълом шуданд, аммо паёмрасони WhatsApp дар ин рӯйхат қарор нагирифтааст. Далели манъ нагардидани Ватсапро мақомоти Русия «машғул набуданаш ба паҳнсозии оммавии иттилоът» гуфтаанд. Бо вуҷуди террористӣ эълон шудани Фейсбуку Инстаграм, шаҳрвандон ва ширкатҳо барои истифодаи онҳо ҷазо нахоҳанд гирифт.

Охири моҳи сентябри 2022 додситони шаҳрии Санкт-Петербург ҳаракати «Весна»-ро тундгаро эълон кард. Баъди ҳамлаи Русия ба Украина «Весна» ба ширкат дар гирдиҳамоиҳои зиддиҷангӣ даъват мекард.

Ширкатҳо ва афроде, ки ба рӯйхати Росфинмонитор ворид мешаванд, фаъолияташон мамнӯъ эълон шуда, суратҳисобҳо ва кортҳои бонкиашон масдуд мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад