Эътирофи Барқи тоҷик бо ҷорӣ шудани лимити барқ

Дафтари матбуотии ширкати «Барқи Тоҷик» бо нашри як муроҷиатномае тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шудааст.

Дафтари матбуотии ширкати «Барқи Тоҷик» бо нашри як муроҷиатномае тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат дар кишвар лимити барқ ҷорӣ шудааст.

Дар муроҷиатнома гуфта шудааст, ки “Ширкати «Барқи Тоҷик» ва Ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ мондани мардум нест. Вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд.”

Гуфта шудааст, ки ҳарчанд обанбори «Норак» то нуқтаи охирин пур аст, эҳтимоли то баҳор нарасидани захираи об вуҷуд дорад. Ин вазъ, ба гуфтаи масъулон, имсол норасоии барқро «ба миқдори беш аз як миллиард киловатт-соат» ба миён овардааст.

Қариб як моҳ мешавад, ки аз гушаву канори Тоҷикистон шаҳрвандон шикоят доштанд, ки интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳояшон маҳдуд шудааст. Мақомот инро рад карда, аз тасдиқи ҷорӣ шудани лимити барқ худдорӣ мекарданд. Мисли ҳамасола ҷавобашон ин буд, ки зеристгоҳҳо ва хати интиқоли нерӯи барқ таъмир шуда истодааст.

Дар муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик», ки “лимити барқ” тасдиқ шудааст, гуффта нашудааст, ки маҳдудияти интиқол барқ кай тамом мешавад.

Танҳо талаб карда шудааст, ки “дар ҷойи кор ва дар манзилҳои истиқоматӣ сокинон аз неруи барқ сарфакоронаву оқилона истифода баранд ва барои дар мавсими зимистон ҳарчи бештар бо барқ таъмин шудани кишвар бо неруи барқ саҳм гузоранд.

Гуфта шудааст, ки “сарфакории ҳар яки мо дар рӯзҳои мусоид боиси дар мавсими сармо шабонарӯзӣ бо барқ таъмин шудани хонадони ҳамаамон мегардад.”

Аз ин гуфтаҳои ширкати “Барқи Тоҷик” бармеояд, ки гуё барқро низ метавон бо сарфакорӣ дар анборҳо ҷамъ карду баъд вақти лозимӣ сарф кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад