Омили ҷанги Украина мо будем

Донишманди улуми сиёсии Амрико бо радди овозаҳо дар бораи инки ҳадафи ҳамлаи Русия фатҳи Украина будаааст гуфт, омили ин ҷанг ҷаҳони Ғарб будааст.

Ҷон Миршаймер, донишманди улуми сиёсии Амрико ва бунёнгузори назарияи Реализми таҳоҷумӣ дар мусоҳибае ба омилҳо ва решаҳои оғози ҷанги Украина пардохт.

Миршаймер дар ин мусоҳиба бо радди иддаоҳои расонаҳои Амрико дар бораи инки ҳадафи Владимир Путин, президенти Русия аз ҳамла ба Украина фатҳи ин кишвар ва илова кардани он ба Русия будааст равшанӣ андохт, ки омили ин ҷанг, нодида гирифтани таҳдиди мавҷудиятӣ алайҳи Русия аз суи Ғарб будааст.

Ин профессори донишгоҳи амрикоӣ гуфт, назари ман аз муддатҳо пеш ин буд, ки ин буҳрон, ки акнун ба ҷанги воқеӣ табдил ёфтааст, ҳама ба талошҳои Ғарб барои табдил кардани Украина ба сангари Ғарб дар марзҳои Русия марбут аст.

Вай илова кард, ҳама чиз аз Апрели 2008 оғоз шуд, ки дар нишасти НАТО дар Бухорест ин иътилоф эълон кард, ки Украина ва Гурҷистон дар оянда узви НАТО хоҳанд шуд. Русия ва ба вижа Путин, дар он ошкоро баён карданд, ки анҷоми ин корро қабул нахоҳанд кард ва як таҳдиди мавҷудиятӣ алайҳи Русия ба шумор меравад. Онҳо ин матлабро комилан рӯшан баён карданд.

Вай изофа кард, русҳо инро ошкоро барои мо мушаххас карда буданд, аммо мо танишҳоро ташдид мекардем. Натиҷааш ин буд, ки Путин дар феврали соли равон ба Украина ҳамла кард.

Назарияи пардози амрикоӣ дар идома гуфт, бисёре мегӯянд, Путин барои ин ба Украини ҳамла кард то он кишварро фатҳ карда ва онро ба Русия замима кунад ва инки ӯ мехоҳад Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравиро эҳё кунад. Ин асос надорад. Ҳеҷ шавоҳиде дар таъиди он вуҷуд надорад.

Русия аз 24 феврали 2022 ва баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду Ҷумҳурии Луҳанск ва Донетск аз Украина, ба ин минтақа неру эъзом кард ва аз оғози “Амалиёти вижаи низомӣ дар Украина” хабар дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад