Имзои 46 миллион доллар тавофуқ дар ҳамоиши тиҷории Тоҷикистону Беларус

 Дар поёни ҳамоиши тиҷории маҳофили касбу кори Тоҷикистон ва Беларус дар шаҳри Душанбе байни ду кишвар ба маблағи ҳудуди 46 миллион доллар қарордод ба имзо расидааст.

Дар поёни ҳамоиши тиҷории маҳофили касбу кори Тоҷикистон ва Беларус дар шаҳри Душанбе байни ду кишвар ба маблағи ҳудуди 46 миллион доллар қарордод ба имзо расидааст.

Дар ҳошияи боздиди расмии Александр Лукашнко, раисҷумҳури Беларус аз Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷории ду кишвар баргузор шуд.

Дар ҷараёни ин ҳамоиши тиҷорӣ, ки бо мушорикати 73 тан аз намояндагони ширкатҳои Беларус баргузор шуд, байни ду кишвар ба маблағи ҳудуди 46 миллион доллар қарордод ба имзо расид.

Ҳамчунин ҳудуди 50 ширкати беларусӣ дар намоишгоҳе бо ном «сохти Беларус» ширкат ва маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Дар ин намоишгоҳ тақрибан тамоми бахшҳои иқтисоди Беларус аз ҷумла муҳандисӣ, метеллержӣ, маводи ғизоӣ, наҷҷорӣ ва саноеи сабук ҳузур ёфтанд.

Ҳаҷми куллии қарордодҳои басташуда байни ду тараф ҳудуди 46 миллион доллар эълом шудааст.

Илова бар ин, ду тараф дар натиҷаи як музокироти онлайн дар мавриди инъиқоди қарордодҳо ба маблағи 2 миллион доллар дигар тавофуқ карданд.

Дар ҳоли ҳозир музокироти руасои ҷумҳур Тоҷикистон ва Беларус, ки қарор аст ба шакли дуҷониба ва васеъ баргузор шаванд, оғоз шудааст.

Интизор меравад ду тараф тайи ин музокирот ҳамкории густурда, пеш аз ҳама дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, иҷрои проектҳои феълӣ ва ояндадорро баррасӣ ва дар натиҷаи он бастае аз асноди байналмилалиро ба имзо расонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад