Афзоиши 23 дарсадии нархи орд нисбат ба соли гузашта

Нархи орд дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта 23 дарсад гарон, аммо дар муқоиса бо ҳафтаҳои пеш андаке арзон шудааст.

Нархи орд дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта 23 дарсад гарон, аммо дар муқоиса бо ҳафтаҳои пеш андаке арзон шудааст.

Аз 11-уми октябр, як халта орди 50-килоӣ аз 300 то 320-330 сомонӣ аст. Пештар нархи орд то ба 370 сомонӣ расида буд.

Далели арзоншавии орд дар Тоҷикистонро коршиносони барномаи озуқавории Созмони милали мутаҳид, афзоиши воридот ва ҷамъоварии ҳосили нави гандум гуфтаанд.

Ин ҳафта нархи сабзӣ ба фарқ аз ҳафтаву моҳи гузашта аз 5 то 14 дарсад боло рафтааст.

Дар ду ҳафтаи охир дар бозорҳои кишвар каме поин рафтани арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ мушоҳида мешавад.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо истинод аз қавли корбаронаш менависад, ки рӯзҳои охир нархи ангишт ду баробар боло рафтааст.

Дар пайи оғози бебарқӣ дар минтақаҳо як кило ангишти истеҳсоли Қирғизистон ба 3 сомонӣ расидааст. Пештар аз 1 то 2 сомонӣ буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад