Насруллоҳ: “таҳаввулоти Фаластин режими саҳюнистиро ба ҳайрат овардааст”

 Сайидҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон шомгоҳи сешанбе дар суханронии худ таҳаввулоти дохилии Лубнон ва минтақаро баррасӣ кард.

Насруллоҳ: бо озодии Фаластин дигар ҳеҷ ихтилофе бар сари марзҳои дарёӣ надорем

Ин суханронӣ дар ҷараёни ҳамоише буд, ки Ҳизбуллоҳ ба муносибати вилодати Ҳазрати Муҳаммад (с) ва Имом Ҷаъфари Содиқ (а) ва ҳафтаи ваҳдат, дар Зоҳияи Ҷанубӣ шаҳри Бейрут баргузор кардааст.

Вай бо баёни инки дар ин суханронӣ ба ҳафтаи ваҳдат ва таҳаввулоти Лубнон хоҳад пардохт, тасреҳ кард, мусалмонон бояд ба таври амалӣ ваҳдат ва ҳамбастагӣ дошта бошанд ва ба нуқтаҳои муштарак таъкид кунанд, на ихтилофҳо ё инки дар мавозеи ихтилофӣ, якдигарро дарк кунанд.

 Вуҷуди режими саҳюнистӣ шодиро аз мо мегирад

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо ишора ба инки набояд дар мавозеи ихтилофӣ бузургнамоӣ кард, идома дод: «мардуми Яман, бо ҳар чӣ дар ихтиёр доштанд, ишқи худро ба Расули Худо (с) нишон доданд. Мавҷудияти режими саҳюнистӣ ҷое барои шодӣ барои мо боқӣ намегузорад».

Насруллоҳ бо ишора ба инки Имом Хумайнӣ (рҳ) бо номгузории ҳафтаи ваҳдат, ихтилоф бар сари вилодати Ҳазрати Расул (с)-ро аз байн бурд, илова кард: «миллат Яман, ки дар муҳосира аст ва бо буҳронҳои маишатӣ, беҳдоштӣ ва амниятӣ рӯбарӯ аст, ба таври миллионӣ вилодати Паёмбар(с)-ро ҷашн мегирад. Бояд бо эҳтироми фаровон, ононро тақдир кард».

Вай бо таъкид бар инки Паёмбар(с) бо хориҷ кардани арабҳои ҷоҳилӣ аз парастиши бутҳо ба тарафи ибодати Худованд, раҳмате барои онон будааст, тасреҳ кард: «Паёмбар (с) арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро муҷаддадан зинда кард. Паёмбар (с) замоне, ки ба ҳаром будани хун ва моли мардум ҳукм кард, раҳмат буд. Аммо имрӯз бархе аз кишварҳои ғарбӣ ҳастанд, ки мардумро ба самти ҷоҳилият савқ медиҳанд».

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ бо интиқод аз афзоиши мизони таваллуди кӯдакони ҳаромзда дар кишварҳои ғарбӣ ва тарвиҷи фарҳанги ҳамҷинсгароӣ дар ин кишварҳо, онро ҷоҳилият донист ва гуфт: «муҷозотҳои исломӣ дар зоҳир хашин ҳастанд, вале дар ботин раҳмат аст. Вуҷуд, рисолат, аъмол ва тавсияҳои Паёмбар(с) низ раҳмат буд.

 Дар интизори мавзеи расмӣ дар бораи тавофуқ бо саҳюнистҳо ҳастем

Насруллоҳ дар бахши дигари суханронии худ ба масъалаи марзбандии дарёӣ байни Лубнон ва Фаластини ишғолӣ пардохт ва таъкид кард: «соатҳои сарнавиштсозе пеши рӯи мо аст. Мо ба унвони мардуми Лубнон, мунтазири мавзеи расмӣ аз сӯи раисҷумҳури худ ва душмани саҳюнистӣ дар бораи ин музокирот ҳастем. Мо мунтазири мавозеи расмӣ ҳастем. Вақте ҳайатҳо ба Раъсунноқура рафтанд ва тавофуқро имзо карданд, метавонем бигӯем, ки тавофуқ ҳосил шудааст».

Вай бо баёни инки мо тайи ҳафтаҳои гузашта, изҳороти мутаноқизи масъулони саҳюнистиро думбол кардем, афзуд: «дар кобинаи кунунии саҳюнистӣ низ ихтилофҳое вуҷуд дорад. Мо бояд эҳтиёт кунем. Ончи рӯзҳои гузашта рух дод, музокироти душворе буд. Мо аз аввал гуфтем, ки дар канори ҳукумати Лубнон қарор хоҳем дошт. Ин тавофуқ бояд матолиботи давлати Лубнонро рафъ кунад ва дар ин сурат мушкиле бо ин масъала надорем. Мо бояд ҳушёр бошем».

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ идома дод: «бархе аз расонаҳои исроилӣ ва арабӣ дар ҳоли тарвиҷи ин иддао ҳастанд, ки Ҳизбуллоҳ хостори барҳам хӯрдани ин тавофуқ аст, ҳар чанд, ки Ҳизбуллоҳ аз оғози ин парванда, рафтори муносибе дошт. Ончи барои мо аҳамият дорад, ин аст, ки дар матолиботи мардуми Лубнон, аз давлат дифоъ кунем».

Насруллоҳ бо ишора ба инки баррасии ин тавофуқ низ бояд бо рӯҳияи миллигароёна бошад, унвон кард: «мо дар баробари як таҷрибаи ҷадид қарор дорем, ки дар он масъулони кишвар ва раисон ҳамкорӣ карданд ва муқовимат низ аз он ҳимоят кард. Замоне, ки Фаластин озод шавад, бар сари марзҳои дарёӣ ҳеҷ ихтилофе бо он нахоҳем дошт. Дарёи мо то Ғазза идома дорад».

 Ба Исроил фаҳмондем, ки ҷиддӣ ҳастем

Вай бо баёни инки Ҳизбуллоҳ ниёзе ба баргузории размоиш ва монанди он надорад ва фақат мехост душман бидонад, ки муқовимат ба ончи гуфтааст, амал хоҳад кард, гуфт: «Исроил бояд бифаҳмад, ки мо ҷиддӣ ҳастем. Пас аз масъалаи паҳподҳо, дигар ниёзе ба ирсоли он набуд. Муҷоҳидони муқовимат дар моҳҳои гузашта, ба андозаи чандин сол талош карданд, то омодагии худро ҳифз кунанд».

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ, нафт ва газро умеди мардуми Лубнон барои хориҷ шудан аз буҳрони иқтисодии ин кишвар донист ва тасреҳ кард: «душмани исроилӣ беш аз лубнониҳо аз ҷанг метарсад, вале ончи барои муқовимат аҳамият дорад, истихроҷи нафт ва газ аз майдонҳои Лубнон аст».

 Таҳаввулоти Каронаи Бохтарӣ сабаби ҳайрати саҳюнистҳо шуд

Насруллоҳ дар бахши дигари суханронии худ ба таҳаввулоти Фаластин пардохт ва гуфт: «рухдодҳои Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ аз аҳамияти бисёре бархурдор аст ва барои режими саҳюнистӣ ва масъулони он ҳайратовар буд. Имрӯз дар Каронаи Бохтарӣ шоҳиди муқовимат ва интифозаи мардумӣ ҳастем; зеро ҳар рӯз шоҳиди як амалиёт ҳастем».

Вай бо баёни инки паёми Қудс ва Каронаи Бохтарӣ бисёр муҳим аст, таъкид кард: «душмани исроилӣ фикр мекард, ки иқдомоти муқовиматро дар Каронаи Бохтарӣ мутаваққиф кардааст, вале имрӯз шоҳиди интифозаи мардум бо гулӯла ва бастаҳои инфиҷорӣ дар Каронаи Бохтарӣ ҳастем. Ончи дар Карона мебинем, шуҷоат аст. Муқовимат дар Каронаи Бохтарӣ, ниёзманди ҳамбастагии сиёсӣ, мардумӣ ва расонаӣ аст».

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ зимни тамҷид аз тасмими ҷунбиши Ҳамос барои тақвияти равобит бо Сурия, гуфт: «ин як тасмими дуруст, шуҷоъона ва ҳакимона аст. Имрӯз дар Фаластин, минтақа ва меҳвари муқовимат, ниёзманди иттиҳод ва мавзеъгирии саҳеҳ ҳастем. Мо аз ин тасмим ҳимоят мекунем”.

Насруллоҳ бо ишора ба инки тасмими азсаргирии равобит барои Ҳамос ва давлати Сурия содда набудааст, дар илова кард: «тасмими воқеӣ, эҷоди ҳамгароӣ байни кишварҳо, артишҳо ва ҷунбишҳои муқовимат аст. Дар баробари паёмадҳои байналмилалии ҷанги Украина ва Русия, ки намедонем то чӣ замоне идома дошта бошад, иттиҳод ва инсиҷом меҳвари муқовимат, омили қудратӣ аст, ки аз миллатҳои мо ҳифозат хоҳад кард».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад