Мухолифати раҳбари католикҳои Бритониё бо интиқоли сафорати ин кишвар ба Байтулмуқаддас

Раҳбари ктоликҳои Бритониё дар номае ба сарвазири ин кишвар тақозо кардааст, ки аз интиқоли сафорати ин кишвар аз Телавив ба Байтулмуқаддас худдорӣ кунад.

Винсент Николс, ки олитарин мақомро дар калисои католикии Бритониё дорад дар Твиттер аз номаи худ ба Лиз Террас, сарвазири ин кишвар хабар дод ва навишт: нигаронии худро дар бораи интиқоли сафорати Англис ба сарвазир эълон кардам.

Вай афзуд: интиқоли сафорати Англис аз Телавив ба (Байтулмуқаддас) ба сулҳ дар минтақа ва эътибори байналмилалии Англис садамаи ҷаддӣ мезанад.

Раҳбари католикҳои Бритониё навишт: раҳбари католикҳои ҷаҳон ва дигар раҳбарони мазҳабӣ дар сарзамини муқаддас низ аз гузаштаи дур токунун хоҳони ҳифзи вазъияти кунунӣ (Байтулмуқаддас) дар чорчуби қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд.

Николс илова кард: шаҳри (Байтулмуқаддас) бояд ба унвони як мероси муштарак саҳми ҳама бошад ва ба сурати инҳисорӣ дар ихтиёри як гуруҳи хос қарор нагирад .

Вай аз Террас хост дар тасмими эълони худ барои интиқоли сафорати Англис аз Телавив ва ба Байтулмуқаддас таҷдиди назар карда ва бар роҳи ҳалли мавсум ба “ду давлатӣ” тамаркуз кунад.

Нахуствазири Англис ахиран дар дидор бо сарвазири режими саҳюнистӣ ваъдаи интиқоли сафорати ин кишвар аз Телавив ба Байтуалмуқаддасро дод.

Доналд Трамп, президенти Амрико дар моҳи майи соли 2018 зимни эълони Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими ишғолгари Қудс, сафорати ин кишварро аз Телавив ба Байтулмуқаддас мунтақил кард, ки бо мавҷе аз маҳкумиятҳо дар ҷаҳони Ислом ва байни дигар кишварҳо рӯ ба рӯ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад