Оғози размоиши Созмонҳои иттилоъотии СПАД

Размоиши муштараки Созмонҳои иттилоъоти кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъи СПАД таҳти унвони "Ҷустуҷуи-2022" дар Қазоқистон оғоз шуда аст.

Размоиши муштараки Созмонҳои иттилоъоти кишварҳои узви Паймони Амнияти Дастаҷамъи СПАД таҳти унвони “Ҷустуҷуи-2022” дар Қазоқистон оғоз шуда аст.

СПАД дар соли 1991 бо ҳамкории Арманистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳадафи густариши сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин дифоъ аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳои узви таъсис шуд.

Маркази матбуъотии Вазорати дифоъи Қазоқистон имруз панҷшанбе эълом кард размоиши муштараки Созмонҳои иттилоъоти ва воҳидҳои кишварҳои узви СПАД дар пойгоҳои омузиши Мотибулок ва Гувордиски минтақаи Жомбили Қазоқистон оғоз шуда аст.

Вазорати дифоъи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳадаф аз ин размоиши вижаро беҳбуди таъомулоти органҳои фармондеҳи ва кантроли афзоиши сатҳи омузиши майдони, созгории амалёти ва инсиҷоми ягонҳои иттилоъоти унвон кард.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ҳадафи асосие, ки ин иттиҳодия дар назди худ гузоштааст ва онро пайгирӣ мекунад, шарик кард.

Дар ин бора Станислав Зас؟ дабири кулли созмон дар як чорабинии идона бахшида ба 31-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт: “Муҳимтарин вазифа ва ҳадафи мо таъмини амнияти ҳамаи давлатҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон аст”.

Ҳамзамон, Зас қайд кард, ки бинобар вазъи душвори имрӯза ба қаламравҳои ҷанубии СПАД таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шаш кишвар шомиланд: Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон.

Машқҳои ҳарбӣ аксар вақт таҳти сарпарастии Ташкилот гузаронида мешаванд.

Масалан, як рӯз қабл тамрини “Восток-2022” ба анҷом расид, ки дар он беш аз 50 ҳазор нафар, беш аз 140 ҳавопаймо, 5 ҳазор воҳиди техникаи низомӣ ва беш аз 60 киштии ҷангӣ ва киштиҳои ёрирасон ширкат доштанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад