Покистон манбаи ДИИШ дар Афғонистон аст

Як рӯзномаи русӣ дар матлабе навишт, ДИИШ-и Хуросон, ки бар Афғонистон тамаркуз кардааст дар асл дар манотиқе аз Покистон фаъол аст ва аз ин кишвар сарчашма мегирад.

Рӯзнома “Независимой газета” дар баррасии вазъияти ДИИШ дар Афғонистон навишт: ДИИШ-и Хуросон ҳануз дар Вилоятҳои Оракзай, Баҷаур, Пешовар ва Балуҷистони Покистон фаъол аст ва аз ҳомиёни худ хоста то ба ин гуруҳи террористӣ дар Афғонистон бипайванданд.

Ба навиштаи ин рӯзнома, дар шароити кунӯнӣ таблиғоти гуруҳи террористии ДИИШ-и Хуросон барои фаъолиятҳои харобкорона метавонад паёмадҳои ҷиддӣ барои амнияти кишварҳои минтақа ва фаротар аз он дошта бошад.

Ба навиштаи ин рӯзномаи русӣ, аз замони тасаллути Толибон бар Афғонистон, ДИИШ-и Хуросон ҳам таблиғоти худро дар ҷанубу маркази Осиё густариш додааст.

Гуруҳи террористии ДИИШ-и Хуросон дар авосити соли 2014 эълони мавҷудият кард.

Нависандаи ин рӯзнома меафзояд: пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон расонаҳои ҳомии ДИИШ бар асоси китоби саркардаи аршади ин гуруҳи террористӣ ҳамаи далоиле, ки ба назари ӯ Толибон бадтарин душманони Ислом ҳастандро омода кардааст.

Ин рӯзномаи русӣ навиштааст: ДИИШ аз робитаи давлати муваққати Толибон ва Чин ҳамчунин бо соири кишварҳои минтақа хашмгин аст.

Бар асоси таҳлили “Независимой газета” ҳамла ба шиаён низ яке аз аҳдофи ДИИШ-и Хуросон гуфта шудааст.

Ба иддиои манбаъ ин гуруҳи террористӣ барои ҳамла ба бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ва Узбекистон низ аҳдоферо дар назар гирифтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад