Таъкиди Байден бар эъмоли таҳримҳои ҷадид зидди Эрон намоиши душмани бо миллати Эрон аст

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико душанбе 3 октябр дар баёнияе дар ҳимоят аз иғтишошоти ахир дар Эрон гуфт, ки Амрико таҳримҳои ҷадиде зидди мақомоти Эрон, ки ба иддаои у Вашенгтон онҳоро дар хушунат зидди муътаризон дахил медонад эъмол хоҳад кард.

Байден дар ин баёния иддао кард: Амрико дастрасии эрониҳо ба интернетро аз ҷумла аз тариқи осон намудани дастрасии бештар ба платформҳо ва хадамоти эмини ва хориҷӣ осонтар мекунад.

Пештар ҳам Вазорати хазонадории Амрико полиси амнияти ахлоқии Эронро ба хушунат зидди занон мутаҳам кард ва онро дар феҳрасти таҳримҳо қарор дода буд. Амрико дар баёнияи қабли бедуни ишора ба ҳеҷ мустанадоти полиси амнияти ахлоқиро бобати марги Маҳсо Аминӣ масъул хонда буд.

Иқдомоти таҳримии ҷадидии Амрико зидди Эрон ва таҳдиди ҷадиди Байден дар ин замина дар воқеъ масъалаи ҷадиди нест.

Дар воқеъ Эрон беш аз 40 сол аст, ки таҳти таҳримҳои якҷонибаи Амрико буда аст, эъмоли таҳримҳои зидди эронӣ дар давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп, раисҷумҳури собиқи Амрико пас аз хуруҷ аз БарҶом ва роҳандозии корзори фишори ҳадиаксари абъоди ҷадид ва бесобиқаи пайдо кард.

Вашенгтон шадидтарин таҳримҳоро зидди миллати Эрон ба умеди таслими Эрон дар баробари хостаҳои ғайримантиқи ва ғайриқонунии Амрико эъмол кард, ки албата ба гуфтаи давлати Байден бо нокоми ва шикаст муваҷаҳ шуд.

Ҷо Байден, раисҷумҳури кунунии Амрико низ аз замони руи кор омадан бо таваҷуҳ ба шиъорҳои қаблии худ корзори фишори ҳадиаксарирро тадовум бахшида ва ҳар аз чанд гоҳе таҳримҳои ҷадидеро ба баҳонаҳои мухталиф зидди Эрон эъмон мекунад.

Ин бор баҳонаи таҳримҳо ҳимоят аз иғтишошот ва иғтишошгарон дар Эрон аст, ки ба баҳонаи марги Маҳсо Аминӣ чанде аст нооромиҳоеро дар нуқоти мухталифи Эрон барпо карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад