Тағйироти васеъ дар девони вазирони Қирғизистон

Раисҷумҳури Қирғизистон вазирони маориф, фарҳанг, иттилоот, варзиш, нақлиёт, иртиботот ва энержиро барканор карда, афроди дигарро ба порлумони ин кишвар барои ин вазифаҳо пешниҳод кард.

Содир Ҷабборов, раисҷумуҳри Қирғизистон тайи ҳукме Алмасбек бишаналиев, вазири маорифро барканор ва Авланбек Маматқуловро барои ин мақом пешниҳод кард.

Ҳамчунин Ҷабборов Азамат Замонқуловро аз симати вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сисёсати ҷавонон бар канор ва Алтинбек Мақсудовро барои ин мақом пешниҳод кард.

Расидани ин ду вазири ба ҷойгоҳи худ ниёз ба таъйиди порлумони ин кишвар дорад.

Раисҷумуҳри Қирғизистон ҳамчунин Меҳрокинбек Авсовро аз мақоми вазири нақлиёт ва иртибототи ин кишвар барканор кард.

Ҷабборов ҳамчунин Досколбек Морзоевро аз симати вазорати энерэӣ барканор ва тайи ҳукме Тилобек Иброевро ба унвони вазири энержӣ ба порлумони ин кишвар пишниҳод дод.

Қобили зикр аст, ки Алмасбек бишаналиев ба иттиҳоми ришва гирифтан аз донишҷӯён боздошт шуда буд.

Додситони ин кишвар ҳамчунин дар мавриди Досколбек Морзоев ҳам ду парванда бозкарда ва вазири энержии Қирғизистонро муттаҳам ба махфикории амволаш аз давлат карда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад