Оғози ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон

Ҳайате бо таркибе аз шахсиятҳои расмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабии барои баргузории ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон ба Теҳрон сафар карданд.

Ҳайате бо таркибе аз шахсиятҳои расмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабии барои баргузории ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон ба Теҳрон сафар карданд.

Ба манзури баргузории ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон як ҳайати 55 нафара бо таркибе аз шахсиятҳои расмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабии кишвар воридии Теҳрон шуд.

Бар асоси барномаи пешбинишуда, тайи 3 то 8 октябр дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табриз гӯшаҳое аз фарҳанг, ҳунар ва адаби Тоҷикистон дар қолаби театр, мусиқӣ, наққошӣ, саноеи дастӣ, либосҳои миллӣ, акс ва нишастҳои адабӣ ва қироати шеър тавассути шоирони номии тоҷик ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Маросими ифтитоҳияи ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон имрӯз соати 16 бо ҳузури вазирони фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон ва раиси созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ ва шахсиятҳои фарҳангӣ ва ҳунарии дохилӣ ва хориҷӣ дар минтақаи фарҳангӣ ва гардишгарии Аббосободи Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад