Ҳинд бузургтарин ҷамъияти исломӣ дар ин кишварро террорист ва мамнуъ эълом кард

Давлати Ҳинд фаъолияти гурӯҳи исломгарои “Ҷабҳаи мардумии Ҳинд”-ро бо иттиҳоми “иртбототи террористӣ” ғайри қонунӣ эълом кард.

Давлати Ҳинд фаъолияти гурӯҳи исломгарои “Ҷабҳаи мардумии Ҳинд”-ро бо иттиҳоми “иртбототи террористӣ” ғайри қонунӣ эълом кард.

Ин гурӯҳ ҳам мутақобилан иқдоми давлатро “ғайриқонунӣ бо ангезаҳои сиёсӣ” хонд. Ҳинд беш аз 200 миллион ҷамъияти мусулмон дорад.

Давлати Ҳинд рӯзи чаҳоршанбе 28 сентябр фаъолияти гурӯҳи “Ҷабҳаи мардумии Ҳинд” (PFI) ва шохаҳои вобаста ба онро ба иттиҳоми “иртибот бо терроризм” ба муддати панҷ сол мамнуъ кард. Ин иқдоми давлати Нерандра Модӣ, нахуствазири ин кишвар пас аз саркӯби саросарии садҳо тан аз аъзои ин Созмон анҷом гирифтааст.

Дар баёнияи давлати Ҳинд омадааст, ки гурӯҳи Ҷабҳаи мардумии Ҳинд ба далели иртибот бо созмонҳои ифротӣ аз ҷумла гурӯҳи Давлати Исломӣ ва ҳамчунин бархе “ҳамалоти хушунатомез” мамнуъ шудааст.

Гурӯҳи ёдшуда, ки солҳо фаъолияти аланӣ дошт, иқдоми давлати насионалистии Модиро “сиёсӣ ва ғайриқонунӣ” дониста ва даст доштан дар фаъолиятҳои ифротиро рад кардааст.

Пулиси Ҳинд рӯзи ҷумъа 23 сентябр беш аз 300 кадри Ҷабҳаи мардумии Ҳиндро дар саросари кишвар дастгир кард.

Дар баёнияи вазорати кишвари Ҳинд феҳристи тӯлоние аз иттиҳомоти “фаъолиятҳои хушунатомез ва харобкорона”-и ин гурӯҳ баён шудааст. Дар баёния омадааст, ки аъзои ин гурӯҳ дар “қатли афроди муртобит бо ташкилоти мазоҳиби дигар, таҳияи маводи мунфаҷираи алайҳи афрод ва маконҳои муҳим ва тахриби амволи умумӣ” даст доштаанд.

Вазорати кишвари Ҳинд аъзои гурӯҳи мамнуъшударо масъули ҳадди ақали 10 қатл дар ҷануби Ҳинд аз соли 2016 хонд ва ин гурӯҳро “ба радикол кардани ҷомеа ва тазъифи демокрасӣ” муттаҳам кард.

Гурӯҳҳои тундрави ҳиндӣ муддатҳост, ки барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти Ҷабҳаи мардумӣ, ки даҳҳо ҳазор узв дар саросари Ҳинд дошта мубориза кардаанд. Аз тарафе дархостҳо барои мамнуъияти ин созмон дар моҳҳои ахир пас аз чандин эътирози зиддидавлатӣ ба раҳбари мусулмонон афзоиш ёфта буд.

Дар баёнияи вазорати кишвар, ки дар рӯзи чаҳоршанбе 28 сентябр мунташир шуда омадааст, ки бархе аз аъзои Созмони Ҷабҳаи мардумии Ҳинд қаблан ба ДОИШ пайваста ва дар фаъолиятҳои террористӣ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон низ мушорикат доштаанд.

Давлати Нерандра Моди аз замони рӯйи кор омадан дар соли 2014 ба саркӯби мухолифон ва тарвиҷи сиёсатҳои табъизомез алайҳи ҷамъияти 200 миллионии мусулмони ин кишвар муттаҳам шудааст.

Ҳизби коммунисти Ҳинд дар твиттер аз сиёсати Моди интиқод карда ва аз “талоши амдии давлати Моди барои густариши исломҳаросӣ дар афкори умумӣ ва ҳамчунин бад ҷилва додани ҷомеаи мусулмонони Ҳинд” интиқод кардааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад