Кӯмаки таслиҳотии ҷадиди Амрико ба Украина

Давлати Амрико як бастаи ҷадиди кӯмакҳои таслиҳотиро ба арзиши 1.1 миллиард доллар барои Украина эълом кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати дифоъи Амрико рӯзи чаҳоршанбе як бастаи ҷадид таслиҳот ва таҷҳизот ба арзиши 1.1 миллиард долларро бо ҳадафи тақвияти неруҳои артиши Украина дар миён муддат ва баланд муддат эълом кард.

Ба навиштаи «хабаргузории Фаронса», вазорати дифоъи Амрико дар баёнияе эълом кард, ин баста шомили қарордодҳои сифориши сомонаҳо ва муҳиммоти мушакии “Химарс”, сомонаҳои зидди паҳпод, радарҳо ва худравҳои зиреҳӣ барои ширкатҳои таслиҳотсозии Амрико аст.

Пентагон дар ин баёния навишт: “ин баста намоёнгари як сармоягузории чандсола дар ҳавзаи тавонмандиҳои ҳаётӣ барои эҷоди қудрати пойдор дар неруҳои мусаллаҳи Украина ҳамчунон, ки онҳо бо артиши Русия меҷнганд, аст.”

Ба навиштаи хабаргузории Фаронса, бо ироаи ин бастаи ҷадиди кӯмакҳо, маҷмӯъи кумакҳои низомие, ки Амрико аз замони шурӯъи ҳамлаи Русия дар 24 феврал ба Украина, ба Киев ироа карда ба 16.2 миллиард доллар мерасад.

Бар асоси гузориши хабаргузории Фаронса, бастаи кӯмаки ҷадиди Амрико барои Украина шомили 18 сомонаи мушакии «Химарси» ҷадид барои Украина аст. Артиши Украина аз моҳи июн бо истифода аз ин мушакҳои амрикоӣ даст ба ҳамалот алайҳи анборҳои таслиҳот ва пустҳои фармондеҳии артиши Русия дар пушти хатти муқаддами ҷанг задааст.

Ҳамчунин ин кумакҳои ҷадиди Амрико шомили 150 худрави зиреҳӣ, 150 василаи нақлияи токтикӣ, камазҳо ва прицепҳо, ва системҳои барои кӯмак ба Украина барои дифоъ дар баробари ҳамалоти паҳподӣ аст.

Русия моҳи феврали гузашта баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷумҳурии Луганск ва Донетски Украина аз оғози «амалиёти вежаи низомии» худ дар Украина хабар дод.

Ба думболи оғози ин амалиёти вижаи Русия, ки ҳадаф аз иҷрои он, нозизудоӣ Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии Русия ва иҷобати дархости кӯмаки ҷумҳуриҳои Луганск ва Донетск эълом шуд, кишварҳои ғарбӣ зимни маҳкум кардани Маскав ва ташдиди фишорҳои иқтисодӣ, ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи сиёсӣ, молӣ, таслиҳотӣ аз Киевро дар дастури кори худ қарор доданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад