Ҳамапурсӣ шаффоф баргузор шуд / Сулҳ ба зудӣ дар шарқи Украина барқарор мешавад

"Василий Небензия", дар нишасти шӯрои амният барои баррасии ҳамапурсии илҳоқи манотиқи шарқи Украина ба хоки Русия гуфт, ки ин ҳамапурсӣ шаффоф баргузор шуд ва ба зудӣ ҷузъиёти он мунташир хоҳад шуд.

 

“Василий Небензия”, дар нишасти шӯрои амният барои баррасии ҳамапурсии илҳоқи манотиқи шарқи Украина ба хоки Русия гуфт, ки ин ҳамапурсӣ шаффоф баргузор шуд ва ба зудӣ ҷузъиёти он мунташир хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Алҷазира”, “Василий Небензия”, намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти шӯрои амният барои баррасии таҳаввулоти Украина ва баргузории ҳамапурсии илҳоқи манотиқи шарқи ин кишвар ба хоки Русия гуфт: сулҳ дар манотиқи шарқи Украина пас аз инки шаҳрвандони ин манотиқ солҳо зулм ва ситами низоми ҳоким бар Киевро таҳаммул карданд, ба зудӣ барқарор хоҳад шуд.

Василий Небензия, дар идома афзуд: ҳамапурсӣ дар манотиқи шарқи Украина бо шаффофият баргузор шуд ва ба зудӣ ҷузъиёти натоиҷи он ба сурати комил мунташир хоҳад шуд.

Вай тасреҳ кард: неруҳои вобаста ба низоми Киев бо ҳадафи монеъ тарошӣ дар масири баргузории ҳамапурсӣ дар манотиқи шарқи Украина, шаҳрвандони ин манотиқро ҳадафи ҳамалоти худ қарор доданд.

Намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид, дар бахши дигаре аз суханонаш изҳор дошт: Мо бо меъёрҳои дугонаи кишварҳо мабнӣ бар истиқбол аз паноҳҷӯёни украинӣ ва имтиноъ аз пазириши паноҳҷӯёни африқоӣ мухолифем ва ин рӯйкарди дугонаро маҳкум мекунем.

Гуфтнӣ аст, ки нишасти шӯрои амният барои баррасии таҳаввулоти марбут ба ҳамапурсии илҳоқи манотиқи шарқи Украина ба хоки Русия, се шанбе ба дархости Украина ва бо ҳимояти Амрико баргузор шуд. Владимир Зеленский раиси ҷумҳури Украина ба сурати видё конфронс дар ин нишаст суханронӣ кард ва зимни таъкиди дубора бар мухолифат бо ҳамапурсии илҳоқ ва натоиҷи он, ташдид таҳримҳо алайҳи Русияро хостор шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад