Украина: Баъд аз ҳамапурсиҳо бо Русия музокира нахоҳем кард

Раиси ҷумҳури Украина гуфта, ки баъд аз иқдоми Русия дар баргузории ҳамапурсии илҳоқ дар чаҳор минтақаи Русия бо Маскав музокира нахоҳад кард.

 

Раиси ҷумҳури Украина гуфта, ки баъд аз иқдоми Русия дар баргузории ҳамапурсии илҳоқ дар чаҳор минтақаи Русия бо Маскав музокира нахоҳад кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Владимир Зеленский”, раиси ҷумҳури Украина дар як суханронӣ дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Киев, баъд аз иқдоми Русия дар баргузории ҳамапурсӣ дар чаҳор минтақаи Украина бо ин кишвар музокира нахоҳад кард.

Владимир Зеленский ҳамчунин гуфта, ки Украина дар манотиқе, ки дар онҳо ҳамапурсӣ баргузор шудааст аз мардумаш дифоъ хоҳад кард.

Ҳамапурсии илҳоқи манотиқи Луганск, Донетск, Херсон ва Запорожё ба Русия аз ҷумъа (23 сентябр) оғоз шуд. Манотиқи Луганск, Донетск, Херсон ва Запорожё дар маҷмӯъ ҳудуди 15 дарсад аз хоки Украинаро ташкил медиҳанд.

Пеш аз ин, хабаргузории “ТАСС”-и Русия гузориш дод, ки раванди илҳоқи минтақаи Донетск, Херсон ва Запорожёи  Украина ба Русия рӯзи 30 сентябр  такмил хоҳад шуд.

Украина ва кишварҳои ғарбӣ ҳамапурсиҳоро сохтагӣ хонда ва муддаӣ ҳастанд натоиҷи ин ҳамапурсиҳо аз қабл таъйин шудаанд. Пештар, вазорати дифоъи Англис муддаӣ шуд Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия эҳтимолан илҳоқи «бахшҳои ишғол шудаи Украина» ба Федератсияи Русияро дар суханронии ҷумъа (30 сентябр) дар парлумони ин кишвар, эълом хоҳад кард.

Русия дар моҳи феврали ду ҷумҳурии худхондаи Донетск ва Луганскро ба унвони манотиқи мустақил ба расмият шинохт. Киев ба сурати ғайрирасмӣ кантрол бар ин ду минтақаро дар соли 2014 аз даст дод. Дар он замон, сокинони ин ду минтақа, натиҷаи кудитои таҳти ҳимояти ғарб, мавсум ба «кудитои майдон»-ро ба расмият нашинохтанд.

Владимир Путин, аз 24 феврал 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ин ду ҷумҳури аз Украина, аз оғози «амалиёти вижаи низомӣ дар Украина» хабар дод ва ҳадафи худро аз ин иқдом, нозизудоӣ Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кӯмак Луганск ва Донетск эълом кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад