Эълон ба забони тоҷикӣ барои хидмат дар артиши Русия

Нархи чиптаи парвоз аз Маскав ба Душанбе дар пайи эълони мобилизатсия (басиҷсозӣ) ба саффи артиши Русия ба шиддат боло рафтаааст.

Нархи чиптаи парвоз аз Маскав ба Душанбе дар пайи эълони мобилизатсия (басиҷсозӣ) ба саффи артиши Русия ба шиддат боло рафта, бино ба иттилои сомонаи яке аз бузургтарин пойгоҳҳои фурӯши чиптаҳои парвоз дар Русия Aviasales.Ru, барои рӯзҳои 25, 26, 27 ва 28 сентябри соли 2022 аз марзи 100 ҳазор рубл убур карда, ҳатто то ба 134 ҳазор рубл (2300 доллари Амрико!!!) расидаанд. Ҳамин тавр, нархи чиптаҳо ба самти дигар кишварҳои муҳоҷирфиристи собиқ Шӯравӣ (Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон) низ ба маротиб боло рафтааст.

Барои мисол, нархи парвоз аз фурудгоҳи Домодедово ба Душанбе барои рӯзи 25 сентябр 127 ҳазору 700 рубл ва барои рӯзи 26 сентябр 134 ҳазору 200 рубл буда, барои рӯзҳои 29 ва 30 сентябр ба маротиб арзонтар аст (33 ҳазору 790 рубл ва 27 ҳазору 915 рубл). Чиптаҳои сафар аз Душанбе ба Маскав хеле арзонтар буда, барои бархе рӯзҳо дар моҳи октябр метавон ҳатто ба 11 ҳазору 12 ҳазор рубл ҳам чиптаи парвоз то Маскавро харид.

Гуфта мешавад, сабаби чунин афзоиши бакарати нархи парвозҳо аз Русия фавҷ-фавҷ рӯ ба фирор овардани муҳоҷирони собиқест, ки шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд, вале ҳоло тарси фиристода шуданашон ба ҷанги Украина онҳоро водор кардааст, ки барои худу фарзандонашон роҳҳои фирор аз Русияро биҷӯянд.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 21 сентябр фармони басиҷсозиро имзо кард ва ба дунбол муҷозотро барои онҳое, ки аз рафтан ба хидмат саркашӣ мекунанд, хеле шадидтар сохт. Аз ин ба баъд онҳоеро, ки аз мобилизатсия сар мепечанд, метавонанд то 10 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Муҳоҷирони тоҷик  аз пойтахти Русия рӯзи 25 сентябри соли 2022 бо ирсоли акси як эълон хабар доданд, ки дар Маскав алакай эълонҳо ба забони тоҷикиро овехтаанд, ки дар онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон бо ваъдаи ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия ба хидмати қарордодӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ ва артиши Русия даъват карда мешаванд.

Дар ин эълон аз хоҳишмандони дарёфти осони шаҳрвандии Русия даъват карда мешавад, ки ба нуқтаҳои ҷамъоварии довталабон дар Варшавское шоссе ваё ба намояндагони вазорати мудофиаи Русия дар Маркази муҳоҷирон дар Сахарово муроҷиат кунанд.

Аз довталабон танҳо аз 18сола боло будан, ба хидмати ҳарбӣ мувофиқ будани саломатиашон ва донистани забони русӣ тақозо мешавад. Дар иваз ба онҳо маоши моҳона ба андозаи камаш 190 ҳазор рубл  ва ҳамчунин “субот, имкониятҳои васеъ барои худшиносӣ, сатҳи зиндагии шоиста ва мақоми баланди иҷтимоӣ”, ҳамчунин “имконияти қабул ба шаҳрвандии Федератсияи Русия бо тартиби соддакардашуда ҳангоми бастани шартнома” пешниҳод карда мешавад. Ба довталабон ҳамчунин таъмин бо манзилу хӯрокворӣ, ёрии тиббӣ, таъмини нафақа ва ҳифзи иҷтимоии аъзои оилаи ҳарбӣ ва “дигар имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҷубронҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳо дар ҳолати фавқулодда ва даргириҳои мусаллаҳона” ваъда дода шудааст.

Ҳамин ваъдаи охири марбут ба иштирок дар “даргириҳои мусаллаҳона” бисёриҳоро нигарон сохтааст, зеро бовар меравад, ки даъвати оммавии муҳоҷирон ба артиши Русия ба хотири фиристодани онҳо ба ҷанги Украина сурат мегирад. Он ҳама имтиёзу кафолатҳо маъмулан ба онҳое дода мешаванд, ки дар ин ҷанг кушта ваё захмию маъюб мешаванд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ахиран шаҳрвандони тоҷикро ҳушдор дод, ки “аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ худдорӣ намоянд, зеро мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст”.

Дар Тоҷикистон дар ҳақиқат бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии ин кишвар: 401 ва 401.1 барои зархаридӣ ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла барои ҷалби шаҳрвандони ин кишвар барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар кишварҳои дигар ҳамчун ҷазо аз 5 то 12 сол ва барои иштироки бевосита дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Вале ин ду модда то кунун асосан барои ҷазо додани онҳое истифода мешуд, ки зодагони Тоҷикистонро ба саффи гуруҳҳои ифротию террористие, ба мисли ДОИШ ҷалб мекарданд, ваё дар саффи чунин гуруҳҳо дар Сурияву Ироқ ё Афғонистон меҷангиданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад