Оғози нишасти САҲА дар Варшава бо мавзӯи ҳуқуқи башар

Нишасти навбатии САҲА оиди баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар Варшава, пойтахти Лаҳистон ба кори худ оғоз кард.

Нишасти навбатии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон дар Варшава, пойтахти Лаҳистон ба кори худ оғоз кард.

Нишасти солонаи САҲА дар бораи ҳуқуқи башар дар Варшава имруз 26-ми сентябри соли 2022 шуруъ шуда, то 7-уми октябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Ин нишаст ҳар сол як маротиба дар шаҳри Варшва баргузор мегардад, аммо ба сабаби авҷи бемории ҳамагири COVID-19 солҳои 2020 ва 2021 баргузор нашуд.

Нишасти имсоларо Збигнев Рау, вазири умури хориҷаи Лаҳистон, ки ҳамзамон раёсати САҲА-ро ба душ дорад оғоз кард ва дар нишасти ифтитоҳия намояндагони Тоҷикистон, Русия, Белорус ҳузур надоштанд.

Дар нишасти САҲА вобаста ба ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихобти озод ва ғайра барои ду ҳафта аз ҷониби кишварҳои узви ин созмон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсу баррасӣ мешавад.

Бар асоси гузориши расонаҳои хабарӣ, имсол аз Тоҷикистон бояд намояндагони ҳукумат ширкат кунанд, вале то ҳол мизи онҳо холӣ аст ва касе аз намояндагони расмии кишвар ҳузур надорад. аммо ба намояндагӣ аз Тоҷикистон, ба ҷуз намояндагони ҳукумат, аз мухолифини табъидии Гурӯҳи 24, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Паймони миллии Тоҷикистон, ва дигар шахсони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин нишаст ширкат кардаанд.

Нишасти солонаи САҲА бо мавзӯи ҳуқуқи башар, ҳоло пас аз эълони террористӣ будани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби Додгоҳи олии Русия, ки ба назар супоришӣ мебошад, саҳнаҳо ва гуфтугӯҳои ҷолиберо дар дили худ ба вуҷуд хоҳад овард ва ҳамчунин тааҷҷӯби дигар ширкаткунандагони ин нишастро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад