Кумаки муҷаддади Бонки ҷаҳонӣ ба ширкати Барқи тоҷик

 Анҷумани тавсеаи байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ барои беҳбуди вазъияти молии ширкати давлатии Барқи тоҷик 80 миллион доллари изофӣ ихтисос медиҳад.

Анҷумани тавсеаи байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ барои беҳбуди вазъияти молии ширкати давлатии Барқи тоҷик 80 миллион доллари изофӣ ихтисос медиҳад.

Маросими имзои мувофиқатнома дар мавриди ихтисоси маблағи изофӣ барои беҳбуди вазъияти молии ширкати Барқи тоҷик дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ин санад тавассути Файзуддин Қаҳҳорзода, вазири дороии Тоҷикистон ва Ввзон Суимли, раиси дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Кулли ҳазинаи проект бар асоси мувофиқатнома ироаи маблағи изофии 59.3 миллион доллар, ҳаққи бардошти вежа аст, ки муодили 80 миллион доллар аст.

Ин маблағҳо пас аз иҷрои фаъолиятҳои пешбинишуда ва бар ин асоси ҳусули натоиҷи муайян дар бахшҳои ҷудогона пардохт хоҳад шуд.

Ҳадаф аз ироаи ин маблағ беҳбуди вазъияти молии ширкати Барқи тоҷик, тавони пардохти бедиҳии он ва мудирият ва шаффофияти ин ширкат аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад