Зеленский: Путин аҳли дуруғ гуфтан нест

Раиси ҷумҳури Украина дар мусоҳибае гуфт, ки кишвараш сомонаҳои дифоъи ҳавоӣ печидае аз Иёлоти Муттаҳида дарёфт кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки суханони Путин дар бораи дифоъ аз "Арозии Русия" бо таслиҳоти ҳастаӣ дуруғ нест.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, ин аввалин эътирофи Украина ба дарёфти сомонаи мушакии сатҳ ба ҳавои пешрафтаи “Насамс” (NASAMS) аст, ки Киев муддатҳо хостори дарёфти он буд ва Вашингтон авохири моҳи гузашта ирсоли онро таъйид кард.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ба “CBS News” гуфт: мо қотеъона ниёз дорем то Иёлоти Муттаҳида раҳбарӣ нишон дода ва ба Украина сомонаҳои дифоъи ҳавоӣ бидиҳад. Мехоҳам аз раиси ҷумҳур Байден бобати тасмими мусбаташ, ки иттихоз кардааст, ташаккур кунам. Аммо ҳарфамро бовар кунед, ин ҳатто барои пӯшиши зерсохти ғайринизомӣ, мадорис, бемористонҳо, донишгоҳҳо ва хонаи Украиниҳо кофӣ нест.

Зеленский ҳамчунин аз Иёлоти Муттаҳида бобати сомонаҳои “Химарс” ва дигар таҷҳизоти чандгонаи партоби чандгона, ки Украинаро қодир ба пешравӣ алайҳи неруҳои Русия мекунад, қадрдонӣ кард. Украина дар ин моҳ ҳамалоти мутақобилеро барои пас гирифтани манотиқи васее аз сарзаминҳои Харков дар шимоли шарқ тартиб дода ва дар самти ҷануб ҳам пешрафтҳое доштааст.

Раиси ҷумҳури Украина якшанбе ба “CBS News” гуфт: бовар дорад, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия метавонад аз таслиҳоти ҳастаӣ истифода кунад. Путин пештар гуфта буд, ки Русия аз тамоми абзорҳои дар дастраси худаш барои дифоъ аз арозии Русия истифода хоҳад кард.

Владимир Зеленский, ба “CBS News” гуфт: бубинед, шояд ин ҳарф дирӯз як иддао буд, аммо акнун як воқеият аст.

Худи раиси ҷумҳури Русия ҳам чаҳоршанбе гуфт, ки вақте ҳушдор медиҳад, ки Русия дифоъ аз хоки худашро бо “таслиҳоти тахрибгари мухталиф” барраси хоҳад кард, “Дуруғ” нест ва иддао намекунад.

Арози мавриди ишораи Путин метавонад ба зудӣ шомили Донетск ва Луганск ва ҳамчунин манотиқи Запорожё ва Херсон шавад. Раъйпурсиҳо дар ин манотиқи Украина барои пайвастан ба Русия дар дасти баргузорӣ аст.

Зеленский, ҳамчунин ба “CBS News” гуфт, ки аз назари Украина “Ишғолгарии” Русия дар таъсисоти ҳастаӣ Запорожё як “Аххозии ҳастаӣ” аст. Ӯ ҳамчунин бо ишора ба басиҷи нисбии неруҳо дар Русия ба фармони раиси ҷумҳури Русия идома дод: Путин медонад, ки дар ҳоли шикаст хӯрдан дар ин ҷанг аст.

Раиси ҷумҳури Украина ҳамчунин гуфт, ки давлаташ ба миллиардҳо доллари дигар, таслиҳоти бештар ва таҳримҳои густурдатар алайҳи Русия барои идомаи ин ҷанг ниёз дорад. Ӯ бо ишора ба Путин гуфт: мо ниёз дорем, ки фишор алайҳи ӯро афзоиш диҳем ва нагузорем ӯ ба кораш идома диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад