Ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Эрон дар пасманзари таҳримҳо

Мақомоти Эрон аз оғози музокироти ҳайатҳои тиҷорӣ Русия дар Теҳрон хабар дод. Мақомот мгӯяд ҳадафи он боло бурдани равобити иқтисодӣ мебошад.

Мақомоти Эрон аз оғози музокироти ҳайатҳои тиҷорӣ Русия дар Теҳрон хабар дод. Мақомот мгӯяд ҳадафи он боло бурдани равобити иқтисодӣ мебошад.

Умеди Қолибоф, сухангӯи Вазорати санъату маъдан ва тиҷорати Эрон ахиран гуфт, 65 ширкати русӣ дар қолаби ҳайати 100 нафара музокироти худро аз ахиран дар Теҳрон оғоз карданд.

Бар асоси барномарезии суратгирифта фаъолони иқтисодии Эрон дар муддати 3 рӯз ҳузури ҳайатҳои тиҷорӣ Русия дар Теҳрон дар маҷмуъ 750 ҷаласаи тиҷорӣ бо намояндагони ширкатҳои русӣ баргузор хоҳанд кард.

Фаъолияти ширкатҳои русӣ дар ин ҳайатҳои тиҷорӣ шомили саноати ғизоӣ ва кишоварзӣ (ғалот), ширини шоколот, таҷҳизоти саноати ғизоӣ ва кишоварзӣ, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ, шиша ва булур, саноати филезот, системаҳои мухобироти ва родиои, энержи ва бозёфта аст.

Мақомоти ду кишвар барои таҳкими равобит ба вижа дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, энержӣ, транзит ва ҳамчунин ҳамкориҳои чандҷониба ва минтақавӣ ҳамонанди Созмони Ҳамкории Шанхай ва БРИКС талош дорад. Мақомоти ду кишвар дар ҳоли густариши таҳримҳо бар зидди ду кишвар ва фишорҳои иқтисодии ғарб маҷбур шудаанд роҳҳои густариши амкориро пайдо намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ахиран Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ахиран дар дидор бо Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар ҳошияи иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Узбекистон аз вуруди ин ҳайатҳои тиҷорӣ ба Теҳрон хабар дода буд.

Бо рӯи кор омадани Сайид Иброҳими Раисӣ ба ҳайси президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон иртиботҳои иқтисодӣ бо бархе кишварҳои аз ҷумла Русия бо рушду тараққии бештар ҳамроҳ шудааст ва фаъолияти утоқҳои бозаргони ва комиссияҳои муштараки иқтисодӣ байни ду кишвар фаъолияти бештаре аз худ нишон додаанд.

Борҳо ҳам мақомоти иқтисодии Русия аз ҷумла Александр Нувок, омодагии кишварашон барои тақвияи ҳузури операторҳои иқтисодии Русия дар бандарҳои Эрон ҳамчун Чобаҳор ва Бандар Аббосро эълом кардаанд ва дар назар доранд, ки аз зарфиятҳои мавҷуд дар бандарҳои Эрон истифода намуда ва баҳраманд шаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад