Ҷузъиёти муноқишаи сарҳадӣ аз забони вазири хориҷа барои ҳамтоёни узв дар СПАД

Тоҷикистон ҳамтоёнаш аз СПАД-ро дар бораи низои мусаллаҳонаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муфассал огоҳ карда, онро маҳкум намуд.

Тоҷикистон ҳамтоёнаш аз СПАД-ро дар бораи низои мусаллаҳонаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муфассал огоҳ карда, онро маҳкум намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД-ро аз ҷузъиёти муноқишаи ахири сарҳадӣ огоҳ кард.

Ҷаласаи дипломатҳо дар ҳошияи нишасти 77-уми Ассамблеяи Генералии СММ баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷа гуфт: “Сироҷиддин Муҳриддин оид ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои назидсарҳадии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ин амали кишвари мазкурро ҳамчун нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ маҳкум намуд”.

Ғайр аз он, иштирокчиёни ҷаласа аҳамияти қабули қатъномаи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ”-ро, ки ба амиқтар шудани ҳамкориҳои созмонҳо мусоидат мекунад, қайд намуданд.

Қабл аз ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи дурӯғпароканӣ ва фитнаангезӣ дар расонаҳо ва мақомоти Қирғизистон гуфта буд.

Ин ниҳод таъкид кард, ки Қирғизистон вонамуд месозад, ки техникаву нерӯяшро аз марз берун мекашад, аммо таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки онҳо дар назди нуқтаҳои аҳонинишин зери ниқоб баръакс ҷобаҷо мешаванд.

Иҷро накардани созишҳои қаблан ҳосилшуда аз ҷониби Бишкекро Душанбе ҳамчун омодагӣ ба таниши навбатии марзӣ арзёбӣ мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад