4 куштаву 14 маҷрӯҳ дар тирпарониҳои шабонаи Чикаго

Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, дар тирпарониҳои шабона дар Чикаго 4 нафар кушта ва 14 нафар ҳам маҷрӯҳ шуданд.

Бар асоси гузоришҳо, ду нафар дар муқобили як сохтимони истиқоматӣ тавассути ду нафари дигар дар хиёбони 113 шаҳри Чикаго мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта ва яке аз онҳо кушта шуд.

Омилони ин ҳамла ҳануз мушаххас нашуда ва полиси Чикаго дар ҳоли баррасӣ ва таҳқиқот мебошад.

Полиси Чикаго гуфтааст, ки як фарди 21 солаи дигар ҳам ба ҳамин шива дар минтақаи дигар кушта шудааст.

Бар асоси эълони мақомоти маҳаллии ин шаҳр, тайи камтар аз 24 соат ҳадди ақл 4 нафар кушта ва 14 нафари дигар ҳам маҷрӯҳ шудаанд.

Ноамнӣ ва тирпарониҳо дар вилоятҳои мухталифи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба як мушкили бузург барои мақомти Вашингтон табдил шуда ва фишорҳо барои маҳдуд кардани ҳамли силоҳ дар ин кишвар ба хотири тарафдорони қудратманди созандагони аслиҳа то ҳол бенатиҷа мондааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад