Режими саҳюнистӣ: “Насруллоҳ” муҳиммтарин таҳдид аст

Як фармондеҳи низомии саҳюнистӣ гуфт, ки дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон "Сайидҳасан Насруллоҳ", муҳиммтарин таҳдид барои ниҳоди низомии Исроил ба шумор меравад.

 

Як фармондеҳи низомии саҳюнистӣ гуфт, ки дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон “Сайидҳасан Насруллоҳ”, муҳиммтарин таҳдид барои ниҳоди низомии Исроил ба шумор меравад.

Ба навиштаи рӯзномаи “Раъюл-Явм”, “Исроил Зеев”, фармондеҳи неруҳои захираи артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ гуфт: “Сайидҳасан Насруллоҳ”, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон пас аз фурӯпошии артишҳои муназзам дар муҷовирати мо, акнун муҳиммтарин таҳдид барои ниҳоди низомии Исроил аст. Ба ҳамин далел зери назар доштани шахсият ва наҳваи рафтори вай ҳамеша дар дастури кори афсарони баланд пояи артиш ва худи ман қарор дошта аст.

Исроил Зеев ҳамчунин афзуд: пеш аз ҳар чизи дигаре бояд Сайидҳасан Насруллоҳро ҷиддӣ гирифт; Ба таври куллӣ ӯ ба гуфтаҳояш поибанд аст; Касе мутаваҷҷеҳ намешавад, ки ҳадафаш чист, аммо ба таври куллӣ ҳарф ва амалаш яке аст.

Сайидҳасан Насруллоҳ, шанбе дар суханроние дар маросими роҳ паймоӣ арбаъин дар Баълабаки Лубнон дархсуси парвандаи таъйини марзҳои дарёӣ Лубнон ва режими палиди саҳюнистӣ гуфт: Лубнон барои муқобила бо буҳронҳои иқтисодӣ ва маишатии худ бо фурсати талоӣ мувоҷеҳ аст, ки шояд такрор нашавад. Мо наметавонем пеш аз дастёбии Лубнон ба мутолиботи бар ҳаққи худ, иҷозаи истихроҷи нафт ва газ аз майдони Каришро бидаҳем.

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: ба мо фурсати воқеӣ барои музокирот бо ҳадафи истихроҷи газ аз сӯи Лубнон бидиҳед. Мо ба думболи мушкил ва дардисар набудаем. Мо бахше аз музокироти тарсими марзҳо нестем ва ҳамаи чашмон ба “Кариш” ва мушакҳоямон аст.

Вай афзуд: ман фикр мекунам, ки Исроилиҳо, Амрикаиҳо ва дигарон иттилооти кофӣ дар мавриди ҷидияти муқовимат ва инки “дар ин масъала бо онҳо шӯхи намекунад” доранд. Агар рӯё рӯӣ ба мо таҳмил шавад, барои он омодаги дорем ва тарсе аз он надорем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад