Таъкиди Амрико бар густариши ҳамкориҳои амниятӣ бо Тоҷикистон

 Вазири хориҷаи Амрико бо табрики Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон тайи баёнияе ба густариши ҳамкориҳои кишвар ба вижа дар арсаи амниятӣ таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи Амрико бо табрики Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон тайи баёнияе ба густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар ба вижа дар ҳавзаи амниятӣ таъкид кард.

Дар ин баёния омадааст: «инҷониб аз тарафи давлати Амрико, ҷашни 31-укумин солгарди истиқлоли Тоҷикистонро, ки дар 9 сентябри 2022 таҷлил мешавад, ба мардуми ин кишвар табрик арз мекунам».

Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон мушорикати қавӣ мубтанӣ бар аҳдофи муштарак, иртибототи густурдаи фарҳангӣ ва мардумӣ ва ҳамчунин тааҳҳуд ба мубориза бо таҳдидоти террористӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари минтақа ва ҷаҳон эҷод кардаанд. Мо муштоқона интизори густариши ҳамкориҳои худ дар заминаҳои амниятӣ ва иртиқои озодиҳои асосиро дорем, ки мабнои ҷомеаи босубот ва мураффаҳро ташкил медиҳад.

Мутмаин ҳастам, ки равобити минтақаии мо дар қолаби c5+1 ба мизони саҳми мо дар талошҳои ҷаҳонӣ барои мубориза бо тағйироти обуҳавоӣ, расидагӣ ба масоили ҳуқуқи башар ва шиносоии фурсатҳои тиҷорӣ ва сармоягузории қавитар хоҳад шуд.

Ба рағми ин воқеият, ки ҳар ду кишвари мо тайи соли гузашта ба далели тағйироти ҷаҳонӣ бо чолишҳое мувоҷеҳ будаанд, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба субот ва рифоҳи Тоҷикистон мутааҳҳид аст.

Пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва оғози даргирӣ байни Русия ва Украина, мақомоти Амрико бо сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон дар талош ҳастанд, то нуфузи худро дар ин кишварҳо афзоиш диҳанд.

Сафари пуршумори мақомоти Амрико ба кишварҳои минтақа ва дидорҳои мухталиф бо раҳбарони кишварҳои мазкур нишон аз аҳамияти минтақаи Осиёи Марказӣ барои Амрико ва кишварҳои ғарбӣ мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад