Иштироки С. Абдуқодирзода дар конфронси раҳбарони мазоҳиби ҷаҳон

Дар таърихи 15 то 16 сентябр ҳафтумин конфронси байналмиллалии раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннати ба номи "Нақши раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннати дар рушди иҷтимоъӣ ва маънавии башарият дар даврони пас аз ҳамагирӣ" дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад, ки дар он Саидмукарам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Дар таърихи 15 то 16 сентябр ҳафтумин конфронси байналмиллалии раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннати ба номи “Нақши раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннати дар рушди иҷтимоъӣ ва маънавии башарият дар даврони пас аз ҳамагирӣ” дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад, ки дар он Саидмукарам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Дар таърихи 15 то 16 сентябр ҳафтумин конфронси байналмиллалии раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннати ба номи “Нақши раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннати дар рушди иҷтимоъӣ ва маънавии башарият дар даврони пас аз ҳамагирӣ” дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад, ки дар он Саидмукарам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.

Қарор аст намояндагони аз 50 кишвари ҷаҳон дар ин конфронс ширкат ва суханрони кунанд.

Ба гузориши расонаҳои қазоқистонӣ ширкати Поп Франсис, шайх Аҳмад Тайиб, имоми Ал-Азҳари Миср ва дигар раҳбарони маънавӣ дар ин конфронс ширкат кунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Муассисаи исломии Уммон имсоли Эмомалӣ Раҳмон ва Саидмукаррам Абдулқодирзодаро дар феҳристи “500 мусулмонони таъсиргузори 2022” дар ҷаҳон қарор додааст.

Ба нақл аз Спутник, дар садри асомии феҳристи имсол оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон, шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар ва пас аз ӯ Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистон қарор дорад.

Ин ҳафтумин бор аст, ки номи Эмомалӣ Раҳмон дар феҳристи таъсиргузортарин мусулмонони ҷаҳон қарор мегирад. Ба ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон, номи Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам дар ин феҳрист омадааст.

Дар панҷгонаи аввали ин рӯйхат аз рӯи тартиб инҳо ҷойгир шудаанд: амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ, шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз  раҳбари Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва яке аз олимони маъруфи ҷаҳони ислом Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ.

Пажуҳишгоҳи исломии Уммон ба ин назар аст, ки соли ҷорӣ амири Қатар таъсиргузортарин мусалмони дунё буда ва ҳамин тавр чор нафари дигар низ аз пайи ӯ таъсиргузорӣ доранд.

Дар  TOP-50 ба ғайр аз Раҳмон ва Абдулқодирзода, афроде мисли сарвазири Покистон Имрон Хон, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, раҳбари Толибон Ҳайбатулло Охундзода, футболбози мисрӣ Муҳаммад Салоҳ ва ғайраҳо ворид шудаанд, ки ҷойгоҳашон дар рейтинг ба ҳади таъсиргузориашон аст.

Номи Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2012 ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз соли 2015 дар листи 500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон дарҷ шудааст.

Дар ин лист номҳои Илҳом Алиев (ҷумҳурии Озарбойҷон), Қурбонқули Бердимуҳаммедов (Туркманистон), Рамазон Қодиров (Чеченистон) ва Усмон Алимов (муфтии Узбакистон) низ ба чашм мехӯрад.

Ин рӯйхат, ҳамон гуна, ки аз номаш ҳам бармеояд, шомили 500 мусалмонест, ки таъсире бештаре доранд. Дар ҳамин ҳол танҳо 50 нафари онҳо тибқи ҳаҷми таъсиргузорӣ радабандӣ шуда, боқӣ дар рӯйхати умумӣ нашр мешаванд. Яъне маълум нест кадоме аз онҳо бештар аз дигаре таъсир дорад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад