Тиҷорати 2.9 миллиард долларии Тоҷикистон бо аъзои Шангхай

Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шангхай ба маблағи ҳудуди 2.9 миллиард доллар тиҷорат доштааст.

Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шангхай ба маблағи ҳудуди 2.9 миллиард доллар тиҷорат доштааст.

Ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангхай аз ибтидои соли ҷорӣ беш аз 2 миллиарду 871.4 миллион доллар будааст.

 Бар асоси гузориши Хадамоти гумрук, ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо бархе кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангхай аз ҷумла Қирғизистон ва Покистон тайи 7 моҳи соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон дар ин муддат тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои Қазоқистон, Русия, чин, Узбакистон ва Ҳинд рушд доштааст.

 Мизони тиҷорати Душанбе бо дигар кишварҳои узви Шангҳай дар ин муддат беш аз 2.8 миллиард доллар муҳосиба шуда, ки беш аз 2.1 миллиард доллар аз он ба воридоти маҳсулоти мухталиф аз кишварҳои Созмони Ҳамкории Шангхай ба Тоҷикистон марбут аст.

 Русия, Қазоқистон, Чин ва Узбакистон аз ҷумла шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шангхай ҳастанд. Ҳаҷми тиҷорат бо ин кишварҳо тайи ин давра беш аз 2 миллиарду 770.9 миллион доллар муҳосиба шудааст.

 Мубодилаи тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Ҳамсуд дар ин муддат манфӣ будааст, яъне воридоти коло аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон ба таври чашмрасе аз содирот бештар аст.

СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни доимии он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (расман барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардаанд) мебошанд.
Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Илова бар ин, тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.

 

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад