Беш аз 60 мансабдору соҳибкори Хатлон озими Туркия шуданд

Ҳадафи сафари ҳайати Хатлон ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Туркия арзёбӣ мешавад.

Ҳадафи сафари ҳайати Хатлон ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Туркия арзёбӣ мешавад.

Ҳайати беш аз 60- нафара аз вилояти Хатлон озими Туркия шуда, то 18 сентябр дар он ҷо қарор хоҳанд дошт, хабар дод “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати мазкур аз мақомдорону соҳибкорон иборат буда, роҳбарии онро раиси Хатлон, Қурбон Ҳакимзода ба уҳда дорад.

Намояндагони Тоҷикистон аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла коргоҳҳои нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзолдӯзӣ, истеҳсоли мебелу маҳсулоти ғизоӣ ва коркарди ашёи хоми гуногун дидан намуда, таҷрибаи Туркияро дар самти ташкили минтақаҳои саноатӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Дар иттилоия омадааст :

“Дар шаҳрҳои Қаҳраманмараш ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳрҳои Газиантеп ва Бурса “Бизнес Форуми байниминтақавии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва минтақаҳои Туркия бо дарназардошти мулоқоти тиҷоратӣ дар шакли В2В” баргузор мешаванд”.

Зикр шудааст, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Туркия 390,5 млн долларро ташкил дод. Ҷонибҳо азм доранд, ки ин нишондодро бештар кунанд.

Дар солҳои 2007-2021 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус саноат, хизматрасонӣ ва савдо беш аз 221 млн. доллари ИМА сармояи туркӣ ворид шудаст, ки аз ин 124 млн доллари он сармояи мустақим мебошад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ҳайате муташаккил аз тоҷирони Туркия ба раёсати раиси утоқи бозаргонӣ ва санъати ин кишвар 4-уми сентябр барои тақвияти равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Вазорати санъат ва фановариҳои навини Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб ҳадаф аз сафари ҳайати Туркия ба кишварро баррасии масоили марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар чорчӯби ёздаҳумин ҷаласаи комиссияи муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар унвон кард.

Ҳайати Туркия дар чорчӯби ин сафар бо раёсат ва намояндагони Вазорати санъат ва фановариҳои навин, тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорат, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ, утоқи бозаргонӣ ва саноеъ ва шаҳрдори шаҳри Кӯлоб дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе дар чорчӯби сафари ҳайати тиҷории Туркия дидори рӯ дар рӯи тоҷирони тоҷик ва турк барномарезӣ шудааст.

Илова бар ин, дар минтақаи Данғара ҳамоиши дуҷонибаи минтақаӣ бо мушорикати тоҷирони устони хатлон ва шаҳри Қуния баргузор хоҳад шавад.

Интизор меравад, ки дар ин ҳамоиш намояндагони манотиқи озоди иқтисодии Данғара ва Кӯлоб ширкат хоҳанд кард.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад