Беш аз 33% содироти саноати Тоҷикистон сангу филизоти қиматбаҳост

Раиси Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки содироти мол аз ҷумҳурӣ ба хориҷ асосан аз кадом намудҳо ташаккул ёфтааст.

Раиси Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки содироти мол аз ҷумҳурӣ ба хориҷ асосан аз кадом намудҳо ташаккул ёфтааст.

Беш аз 33%-и содироти саноати Тоҷикистон ба сангу филизоти қиматбаҳо рост меояд.

Ин нуктаро Шавкат Бобозода, раиси Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон дар суҳбат бо нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” баён дошт.

Вай зикр намудаст, ки аз ҷумла дар нимсолаи аввали соли равон ба андозаи 1,2 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст.

Бобозода зимни тавзеҳи сохтори содироти саноатӣ таъкид кардааст, ки 33,4% аз ҳаҷми умумӣ ба фурӯши сангу филизоти қиматбаҳо рост меояд.

Дар ҷойи дуюм нахи пахта ҷой гирифтааст, ки 10,5%-ро аз аз ҳаҷми умумӣ фаро мегирад.

Консентрати мис низ ба феҳрасти маҳсулоти саноатии содиротии Тоҷикистон шомил гардидад, саҳми он муодили 7,1% аст.

Ҳиссаи алюминийи аввалия, ки дар таркиби арзиши содирот 7,2% ҳисоб карда шудааст.

Консентрати руҳ – 7,1%, консентрати сурб – 4,8%, сурма – 4,5%, риштаи пахтагӣ – 2,3%, семент – 1,7% ва неруи барқ 3,7%-и содироти маҳсулоти саноатӣ аз Тоҷикистонро ташкил додаст.

Ба гуфтаи раиси Агентӣ, инчунин ба маблағи 6,9 млн доллар ангишт содирот гардид, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 млан доллар зиёд аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дар нимсоалаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 215 миллиону 200 ҳазор доллар маҳсулот содир кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 600 ҳазор доллар бештар аст.

Қисми асоссии содироти Тоҷикистонро маҳсулоти хом ва канданиҳо ташкил медиҳанд.

Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ дар якҷоягӣ бо нерӯи барқ 1180,3 миллион долларро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ беш аз 27 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 15 миллиону 500 ҳазор доллар ё 28,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар мавриди ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ин рақам дар 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 110 ҳазор тонна, аз ҷумлаи беш аз 75 ҳазор тонна сабзавот, 19 ҳазор тонна меваи хушк, беш аз 15 ҳазор тонна мева ва дигар навъхои маҳсулоти хоҷагии кишлоқ будааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад