Ҳаҷми 197 миллион долларии мубодилоти Суғд бо Узбакистон

Ҳаҷми гардиши молӣ байни вилояти Суғд ва манотиқи мухталифи Узбакистон 197 миллион доллар баровард шудааст.

Ҳаҷми гардиши молӣ байни вилояти Суғд ва манотиқи мухталифи Узбакистон 197 миллион доллар баровард шудааст.

Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, устондори Суғди Тоҷикистон зимни ҳамоиши тиҷории давоири касбу кори устонҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Узбакистон, ки бо ҳузури устондорони марбута ва тоҷирони ду кишвар баргузор шуд, хабар дод.

Вай сафари раёсат ва тоҷирони устони Фарғона ба Суғд ва баргузории ҳамоиши мазкурро гоми муҳиме дар тавсеаи равобити дуҷониба унвон кард.

Аҳмадзода афзуд: “Вилояти Суғди Тоҷикистон бо беш аз 60 кишвари мухталифи дунё ҳамкории иқтисодӣ дошта тиҷорати хориҷии солонаи он 2.5 миллиард долларро ташкил медиҳад”.

Ба гуфтаи вай, гардиши молии устони Суғд бо манотиқи мухталифи Узбакистон нисбат ба соли 2017 мелодӣ 2 баробар афзоиш ёфтааст. Дар соли 2020 мелодӣ 207.5 миллион доллар ва дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 197 миллион доллар баровард шудааст.

Устондори Суғд дар идома барои тақвияти бештари равобити иқтисодӣ бо тарафи муқобил ибрози омодагӣ ва гуфт: “тиҷорати тоҷик ва ӯзбак метавонанд бо равиши обёрии қатраӣ, эҳдоси боғҳои мутароким, гулхонаҳо ва бахшҳои санъатӣ ҳамкории худро дар заминаи тавсеа арозӣ ва заминҳо тақвият кунанд”.

Хайруллоҳ Бозоров, устондори Фарғона ҳам дар навбати худ тақвияти равобит байни ду тарафро натиҷаи сиёсати оқилонаи руасои ҷумҳури ду кишвар донист ва ибрози умедворӣ кард, ки тиҷорати ду устон барои густариши равобит аз имконоти мавҷуд ба шакли муассир истифода мекунанд.

Ҳайати Узбакистон муташаккил аз руасои шаҳр ва ноҳияҳои Рештон, Куосои, Данғара, Бешрик, намояндагони саноеъ ва бозаргонӣ, руасои беш аз 30 ширкати тавлидӣ буда ва дар ҷараёни ин сафар бо ҳамтоёни тоҷики худ дидор ва гуфтугӯ хоҳанд кард.

Дар поёни ин ҳамоиш байни тоҷирони Суғд ва Фарғона 12 санади ҷадиди ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бо вуҷуди мушкилоти марзӣ ва сарҳаддӣ, ки байни ду кишвар вуҷуд дорад, аз ҷиҳати равобити иқтисодӣ ва муносиботи тиҷорӣ ин ду кишвар ҳаҷми хубиро ташкил додаанд ва кумитаҳои муштараки иқтисодии байни ду кишвари ҳамсоя фаъол мебошад

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад