Таъмини амнияти тамоми аъзо, аслитарин ҳадафи СПАД

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ СПАД ҳадафи асосие, ки ин иттиҳодия дар назди худ гузоштааст ва онро пайгирӣ мекунад, шарик кард.

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ СПАД ҳадафи асосие, ки ин иттиҳодия дар назди худ гузоштааст ва онро пайгирӣ мекунад, шарик кард.

СПАД аз рӯи аҳамият ва бархӯрдҳои вижа ба аъзои алоҳидаи ин иттиҳодия тақсимот надорад.

Дар ин бора дабири кулли созмон Станислав Зас дар як чорабинии идона бахшида ба 31-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

“Муҳимтарин вазифа ва ҳадафи мо таъмини амнияти ҳамаи давлатҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон аст”, – гуфт ӯ.

Ҳамзамон, Зас қайд кард, ки бинобар вазъи душвори имрӯза ба қаламравҳои ҷанубии СПАД таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шаш кишвар шомиланд: Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон.

Машқҳои ҳарбӣ аксар вақт таҳти сарпарастии Ташкилот гузаронида мешаванд.

Масалан, як рӯз қабл тамрини “Восток-2022” ба анҷом расид, ки дар он беш аз 50 ҳазор нафар, беш аз 140 ҳавопаймо, 5 ҳазор воҳиди техникаи низомӣ ва беш аз 60 киштии ҷангӣ ва киштиҳои ёрирасон ширкат доштанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) тасмим гирифтанд, ки амнияти марзҳои кишварҳои ин созмон бо Афғонистон ва дигар минтақаҳоро тақвият бахшанд.

Дар эъломияи поёнии нишасти сарони ин паймон, ки рӯзи 16-уми май дар шаҳри Маскав баргузор шуд, омадааст, ки СПАД бо дарназардошти вазъияти ноором дар Афғонистон, барои таъмини амнияти сарҳадҳои кишварҳои узв, омодагӣ дорад.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар ин ҳамоиш гуфтааст, ки нооромӣ дар Афғонистон кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро таҳдид мекунад. Вай афзудааст, ки бояд ба таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон таваҷҷуҳ кард, зеро бесуботӣ ва фаъолияти давомдори гурӯҳҳои мусалллаҳ дар Афғонистон, амният ва суботи кишварҳои узви СПАД-ро ба хатар меандозад.

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон низ дар ин нишаст вазъи Афғонистонро барои Осиёи Марказӣ нигаронкунанда номидааст. Ҷабборов гуфтааст, “вазъи марзҳои ҷанубии СПАД ба далели бидуни монеа амал кардани гуруҳҳои тундрав нигаронкунанда боқӣ мондааст, ки сармоягузорони ин гуруҳҳо барои Осиёи Марказӣ нақшаҳо доранд”.

Вай дар суханрониаш илова кард, ки “хатарҳои амниятӣ ва таниши низомиву сиёсӣ ба марзҳои СПАД наздиктар шудааст”.

Ҷабборов гуфт :

“Талошҳои ғайримустақими дахолат ба умури дохилии давлатҳои узви СПАД мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, ибтидои сол мо маҷбур шудем, аз буҳрони ғайриинтизори амниятӣ дар яке аз кишварҳои узви СПАД пешгирӣ кунем. Мо вокуниши фаврӣ ва натиҷаовар доштем”.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар мулоқоти дирӯз бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи амнияти марзҳо гуфтугӯ кардааст. Бино ба хабари Кремлин, ӯ 16-уми май гуфтааст, мехоҳад, ҷараёни иҷрои таҷдид ё азнавсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва вазъ дар сарҳади Афғонистонро баррасӣ кунад.

Нишасти сарони кишварҳои узви СПАД ҳафтае баъд аз он сурат гирифт, ки шохаи “Хуросон”-и гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ эълон кард, ба хоки Тоҷикистон ҳафт мушак сар додааст.

Мақомоти расмӣ гуфтанд, тирҳо тасодуфан ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд, аммо нерӯҳои марзбониро ба ҳоли омодабоши пурраи ҷангӣ дароварданд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар ҳоле аз таҳдидҳои эҳтимолӣ аз қаламрави Афғонистон нигаронӣ мекунанд, ки Толибон борҳо гуфтаанд, ҳеҷ кишваре аз Афғонистон таҳдид нахоҳад шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад