Нашъамандии миллионҳо нафар; мероси талхи Амрико дар Афғонистон

Дар натиҷаи ҳамлаи Амрико ба Афғонистон, кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар даҳҳо маротиба афзоиш ёфта, 5 миллион нафар мӯътодон мероси 20 сол ҳузури ишғолгарон дар Афғонистон аст.

Шоҳ Оқои 42 сола мегӯяд, ман ба муддати 12 сол ронандаи мошини боркаши ширкати амрикоӣ будам ва маводи мавриди ниёзи амрикоиҳоро интиқол медодам. Ҳамеша дар ин роҳ тарсу ҳарос доштам ва барои халосӣ аз тарсҳои рӯзонаам дар бузургроҳҳо ҳероин мекашидам.

Ҳероин як мушкили бузург дар Афғонистон аст. ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ, пас аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон кишоварзон кишти хашхош ва таҳияи ҳероинро пеши чашмони неруҳои хориҷӣ аз сар гирифтанд. Теъдоди Нашъамандон ҳам бо ҳузури неруҳои хориҷӣ бо раҳбарии Амрико афзоиш ёфта ва танҳо бар ранҷи мардуми фақири афғон афзуд.

Шоҳ Оқо, ки дар бемористони ҷангалаки Кобул кору фаъолият мекунад мегӯяд, 12 сол пеш мӯътод шудам ва се бор дар беморхона тарк кардам. Аммо пас аз хуруҷ аз бемористон дубора ба он гирифтор шудам.

Эътилофи низомӣ бо раҳбарии Амрико дар октябри соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ба Афғонистон ҳамла кард ва дар августи соли гузашта ба таври шармоваре аз ин кишвар хориҷ шуд.

Мероси талхи 20 солаи ишғоли низомӣ, гуруҳҳое аз мардон, занон ва кӯдакони нашъаманд аст, ки дар канори кӯчаҳои ғуборолуду рудхонаҳои олудаи Кобул хобидаанд.

Наҷибуллоҳ Ҷомӣ, устоди донишгоҳи Кобул ва таҳлилгари сиёсӣ дар бораи мероси Амрико дар Афғонистон мегӯяд, қобили эҳсостарин мероси 20 солаи ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон чизе ҷуз фақр, миллионҳо нашъаманд ва инзивои кишвар нест.

Чанде пеш Абдуссалом Ҳанафӣ, муовини идории сарварзири Толибон бо ироаи омор дар бораи густариши нашъамандӣ дар Афғонистон гуфта буд: ишғолгарон 5 миллион нафар аз мардуми кишвари мо, ки як миллион нафар онҳо зан ва кӯдакон ҳастандро ба маводи мухаддир одат доданд.

Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон ҳам дар таърихи 3-уми апрел бо фармони манъи кишти хашхош эълон карда буд, ки истифода ва интиқол, хариду фурӯш, воридоту содирот ва истеҳсоли маводи нашъаовар дар саросари Афғонистон манъ аст.

Бар асоси оморҳои дафтари ҷароим ва маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, мизони заминҳои кишти хашхош дар соли 2001 дар Афғонистон ҳудуди 8 ҳазор гектор буд, аммо пас аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар натанҳо мутаваққиф нашуд, балки суръати шигифтоваре гирифт ва дар соли 2017 заминҳои кишти хашхош ба 224 ҳазор гектор афзоиш ёфт.

Амрико Афғонистон

Амрико Афғонистон

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад