Вазифаи асосии СПАД аз нигоҳи дабири кулли ин созмон

СПАД аз рӯи аҳамият ва бархӯрдҳои вижа ба аъзои алоҳидаи ин иттиҳодия тақсимот надорад.

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ҳадафи асосие, ки ин иттиҳодия дар назди худ гузоштааст ва онро пайгирӣ мекунад, шарик кард.

Дар ин бора Станислав Зас؟ дабири кулли созмон дар як чорабинии идона бахшида ба 31-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт: “Муҳимтарин вазифа ва ҳадафи мо таъмини амнияти ҳамаи давлатҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон аст”.

Ҳамзамон, Зас қайд кард, ки бинобар вазъи душвори имрӯза ба қаламравҳои ҷанубии СПАД таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шаш кишвар шомиланд: Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон.

Машқҳои ҳарбӣ аксар вақт таҳти сарпарастии Ташкилот гузаронида мешаванд.

Масалан, як рӯз қабл тамрини “Восток-2022” ба анҷом расид, ки дар он беш аз 50 ҳазор нафар, беш аз 140 ҳавопаймо, 5 ҳазор воҳиди техникаи низомӣ ва беш аз 60 киштии ҷангӣ ва киштиҳои ёрирасон ширкат доштанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад