Хидматкори вазири ҷанги Исроил ҷосусӣ Эрон эълон шуд

Хидматкори хонаи Бенни Гантс, вазири дифоъи Исроил ба иттиҳоми “талош барои интиқоли иттилоот ба Эрон” ба 3 соли зиндон маҳкум шуд.

Хидматкори хонаи Бенни Гантс, вазири дифоъи Исроил ба иттиҳоми “талош барои интиқоли иттилоот ба Эрон” ба 3 соли зиндон маҳкум шуд.

Бар асоси баёнияи вазорати дифоъи Исроил, додгоҳи минтақаи Лоди ин кишвар Умар Горчовскии 37 соларо бар асоси эътирофоти худ вай ба иттиҳоми “талош барои интиқоли иттилоот ба Эрон” муҷрим шинохта ва ӯро ба 3 соли зиндон маҳкум кард.

Бар асоси ин баёния Горчовски ба далели тамос бо гурӯҳи хакерии вобаста бо Эрон ва пешниҳоди ҷосусӣ аз вазири дифоъ аз тарафи онҳо муҷрим шинохта шудааст.

Вай дар ноябри соли гузашта ба далели талош барои интиқоли иттилоот ба як гурӯҳи ҳакерии вобаста бо Эрон ба номи “Black Shadow” дастгир шуда буд.

Дар марти 2019 низ телефони ҳамроҳи Гантс ҳак шуда ва гумон мерафт, ки кори Эрон бошад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Маркази таҳлилии “Институти таҳқиқоти амнияти дохилии режими саҳюнистӣ“, тайи гузорише иддао кард, ки пас аз истифодаи Ҳамос (ҷабҳаи муқовимати Фаластин), Ҳизбуллоҳ (ҷабҳаи муқовимати Лубнон) ва дигар гуруҳҳои муқовимат аз паҳподҳои Эрон алайҳи Исроил ва муттаҳидони он дар минтақа, ҳавопаймоҳои бесарнишин ба таҳдиди физояндае барои Телавив бадал шудаанд.

Ин ниҳоди амниятӣ бо ишора ба ҳодисаи паҳподҳои фиристодашуда тавассути Ҳизбуллоҳ ба майдони нафтии Кариш иддао кард, ки режими яҳудӣ тавонист бо паҳподҳои мазкур муқобила кунад, аммо “зуд аст, ки аз ин иттифоқ натиҷа бигиранд, ки Исроил тавони муқобила бо ин таҳдиди физоянда яъне қудрати паҳподии кишварҳо ва созмонҳои душманро дорад”.

Дар идомаи ин гузориш омадааст, ки ин нахустин бор нест, ки аз паҳпод алайҳи Исроил истифода мешавад. Ҳизбуллоҳ дар ҷанги дуюми Лубнон дар соли 2006 ҳам паҳподҳоеро ба кор гирифта буд.

Ин марказ таҳқиқотӣ бар ин бовар аст, ки истифодаи рӯзафзуни Ҳизбуллоҳ аз паҳподҳо далеле бар тамаркуз бар ин абзор дар набарди фарогир бо режмими саҳюнистӣ мебошад.

Институти таҳқиқоти амнияти дохилии режими саҳюнистӣ иддао кард: “Лоиҳаи паҳподии Эрон хатарноктарин таҳдид барои Исроил аст зеро Эрон қудрати зиёде барои ҳамла ба тамоми аҳдоф дар Ховари Миёна пайдо кардааст. Эрон ба ҳампаймонони мухталифи худ кумак карда ва таҷрибаи худ барои тавсеаи абзори паҳподиро ба онҳо интиқол медиҳад.

Дар поёни ин гузориш зикр шудааст, ки мушакҳо ва ракетаҳо низ ба ин таҳдидҳо изофа мешаванд, ки ҳануз ҳам густарда ва муҳим ҳастанд.

Чанде пеш як сомонаи таҳлилии Амрико дар бораи таъсиси корхонаи сохти паҳподи Эрон дар Тоҷикистон навишт, ки Эрон дар пайи тақвияти равобит бо Тоҷикистон, кишвари форсизамони худ аст ва паҳподҳо нақши бузурге дар сиёсати низомии Эрон доранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад