Пентагон боз ҳам кумаки низомии ҷадид ба Украина мефиристад

Пентагон дар гоми танишзоӣ дигар аз ирсоли кумаки низомии ҷадид ба Украина, ки шомили ракетҳои "Хаймарс", хабар додааст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, манобеъи расонаӣ аз тадовуми кумакрасонии низоми Пентагон ба Украина дар ҳоле хабар доданд, ки Русия борҳо мухолифати худро бо кумакрасонии Ғарб ба Украина эълом кардааст.

Ба гузориши манобеи хабарии, Пентагон (вазорати дифоъи Амрико) рӯзи панҷшанбе аз таҳвили таслиҳот ба Украина ба маблағи 675 миллион доллари дигар хабар додааст. Ин бастаи низомӣ шомили таҷҳизоти ҷадид шомили гулӯлаҳои тӯп ва ракети тӯпхонаи вижаи партобгари Хаймарс аст.

Ба гуфтаи Пентагон, Амрико аз соли 2014 ба ин су беш аз 15.5 миллиард доллар кумаки низомӣ ба Украина ироа кардааст. Охирин бастаи кумаки низомӣ, ки авохири моҳи август тасвиб шуд, шомили шаш сомонаи мушаки зидди ҳавоӣ, радар, паҳпод ва соири таҷҳизот буд.

“Лойд Остин”, вазири дифоъи Амрико гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида то ҳар замон бо таслиҳот аз Украина ҳимоят хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Русия борҳо аз шикори муваффақи партобгарҳои ракитии Хаймарси сохти Амрико дар ҷанги бо Украина хабар додааст.

Русия аз 24 феврали 2022  баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду ҷумҳурии Луганск ва Донетск аз Украина, ба ин ин кишвар неру эъзом кард ва аз оғози амалиёти низомӣ хабар дод. Русия ҳадафи худро аз ин иқдом, нозӣ зудоӣ Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаки Луганск ва Донетск эълом карда ва гуфтааст, ки қасди тасарруфи арозии Украинаро надорад.

Ба думболи оғози даргирии Русия бо Украина, кишварҳои ғарбӣ зимни маҳкум кардани Маскав ва ташдиди фишорҳои иқтисодӣ, ҳимоятҳои ҳама ҷониба сиёсӣ, молӣ, таслиҳотӣ аз Киевро дар дастури кор қарор додаанд. Ба рағми ҳимоятҳои Ғарбиҳо, дар саҳнаи майдонӣ Русия тавониста Луганск дар минтақаи шарқи Донбасси Украинаро ба кантроли худ дароварда ва дар талош барои тасаллут бар ҳамаи манотиқи Донетск аст.

Як расонаи амрикоӣ ба тозагӣ дар заминаи кумакҳои низомии Амрико ба Украина навишт, ҳадафи раиси ҷумҳури Амрико кумак ба муҷтамаъи низомӣ ва санъатии Амрико дар бҳбуҳаи таваррум ва мушкилоти дохилии Иёлоти Муттаҳида аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад