Размоишҳои бузурги Беларус наздики марз бо Полша

Расонаҳо аз баргузории размоишҳои Беларус дар ду шаҳри ин кишвар ва марзи бо Полша дар бҳбуҳаи набарди Русия бо Украина хабар доданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, вазорати дифоъи Беларус рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки размоишҳоеро наздики марз бо Полша, дар шаҳри “Минск” пойтахти он ва “Витебск” оғоз кардааст.

Ба навиштаи рӯзномаи “Daily Mail” ин размоиш, ки қарор аст то 14 сентябр идома дошта бошад, ва тайи он озодсозии сарзамине, ки ба таври муваққат тавассути душмани фарзӣ тасарруф шуда ва бозпасгири, кантроли манотиқи марзӣ тамрин хоҳад кард.

Расонаҳои Беларуси гузориш доданд, ки 7500 низомӣ, 260 худрави зиреҳӣ ва 30 ҳавопаймо ва болгард дар ин размоиш ширкат хоҳанд кард.

Ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки “Александр Лукашенко”, раиси ҷумҳури Беларус ҳимоят худро аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи гузашта таъйид кард. Ҳимояти Александр Лукашенко аз ҷанг боиси интиқод ва таҳримҳои байналамллӣ алайҳи Минск шудааст. Беларус муттаҳиди наздики Русия аст ва ба Маскав иҷоза дода аз хоки худ барои эъзоми ҳазорон неру ба Украина истифода кунад.

Дар таҳаввули дигар, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус пешбинӣ карда, ки даргирии Украина ва Русия ба зудӣ ба поён хоҳад расид.

Александр Лукашенко, ба тозагӣ дар ин замина гуфт: «Украина дучори тафрқа шуда ва миёни раиси ҷумҳур ва артиш шикоф эҷод шудааст. Артиши Украина танҳо қудрат дар дохили ин кишвар аст, ки метавонад рӯйи миз бизанд ва бигӯяд: биёед музокира кунем, дар ғайри ин сурат, Украина аз саҳнаи рӯзгор маҳв мешавад.»

Лукашенко афзуд, ки артиши Украина, ки таҷориби дасти аввалӣ аз ҷабҳаи набард дорад гуфт медонад, ки дар шароити ноумедкунандае қарор дорад. Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, ки ин ҷанг метавонад ба «ваҳшатноктарин даргирӣ» ва истифода аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ хатм шавад.

Раиси ҷумҳури Беларус тасреҳ кард, ки Ғарб ва ба вижа Амрико омодаи ҳамла ба Беларус будаанд. Вай иддао кард, ки қудратҳои ғарбӣ ҳар коре барои ба зону даровардани Русия анҷом хоҳанд дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад