Арзон шудани бархе маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон

Нархи як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орд ва равған ва шакар дар Тоҷикистон каме поин рафт.

Нархи як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орд ва равған ва шакар дар Тоҷикистон каме поин рафт.

Дар муқоиса бо аввали моҳи август як халтаи 50-килоии орди навъи 1-ум дар ярмаркаҳои Душанбе аз 360 сомонӣ то ба 290 сомонӣ фаромад. Дар бозорҳо бошад ҳоло нарх то 340 сомонӣ арзон шуд.

Тибқи мониторинге, ки  хабаргузории АзияПлюс кардааст,  як халта орди навъи дуюмро вобаста ба истеҳсолкунанда “Тоҷикматлубот” бо нархи 230-260 сомонӣ фурӯхта, дар бозорҳо он то 310 сомонӣ нарх дорад.

Як халта орди дурушти истеҳсоли маҳаллӣ 210 сомонӣ арзиш дошта, дар бозорҳо нархи он аз 240 сомонӣ зиёд нест.

Нархи 5 литр равғани растанӣ аз 140 сомонӣ то 125 сомонӣ поин рафта, дар ярмаркаҳо 5 литр равған 110 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Як кило маснуоти макаронӣ дар ярмаркаҳо 7 сомонӣ (дар мағозаҳо — 10-12 сомонӣ), шакар — 9,5 сомонӣ (дар мағозаҳо — 10-11 сомонӣ) фурӯхта мешавад.

Гӯшти гов дар ярмарка 55 сомонӣ (барои 1 кило) ва дар бозор — 63 сомонӣ нарх дорад. Аммо дар ярмаркаҳо гӯшти босифат нест ва онро дар бозор бо арзиши 67-70 сомонӣ харидан мумкин аст.

Сабаби поинравии нарх ба маҳсулоти асосии хӯроквориро мақомот зиёдшавии захира ва воридоти онҳо ва ба маҳсулоти кишоварзӣ — мавсими ҷамъоварии ҳосил маънидод мекунанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дар Тоҷикистон афзоиши зиёди арзиши аслии маҳсулот мушоҳида мешавад: нархҳои ҳам маводи ғизоӣ ва ҳам маҳсулоти ғайриозуқаӣ боло рафтанд.

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои 5 моҳи соли 2022 3,9 фоизро ташкил дод. Дар ин бора “Авесто” бо такя ба омор менависад.

Моҳи май сатҳи таваррум ба 0,7 фоиз расид. Ҳамин тавр, арзиши аслии маҳсулоти озуқаворӣ дар ин давра 6,6 фоиз афзуд.

Дар баробари ин нархи молҳои ғайриозуқавӣ 2 фоиз афзуд. Хизматрасонии пулакӣ бошад, баръакс 0,7 фоиз арзон шуд.

Гароншавӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар 5 моҳи соли 2022 аз ҷумла, карам (31%), пиёз (29,8%), сабзӣ (22,3%), орди навъи якум (20,2%), гречка (13,9%) ва макарон (12,7%) рост меояд.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ афзоиши арзиши аслии маҳсулоти дигар низ ба қайд гирифта мешавад.

Сабзавотҳои суннатӣ барои хӯришҳои тобистона, баръакс, арзлонтар шудаанд. Дар бозору дӯконҳои ҷумҳурӣ дар ин давра поин рафтани нархи бодиринг (64,2 фоиз) ва помидор (8,9 фоиз) мушоҳида шуд.

Қаблан мутахассисони Бонки миллии ҷумҳурӣ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дода буданд, ки бештари колоҳои сабади истеъмолии кишвар аз хориҷ ворид мешаванд.

Аз ин рӯ, тағирёбии нархҳо дар кишварҳои содиркунанда метавонад ба ташаккули арзиш ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар минтақа таъсир расонад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад