Толибон: Вашингтон ҳарими ҳавоӣ Афғонистонро нақз мекунад

Вазири хориҷаи Толибон парвози ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро нақзи ҳарими ҳавоӣ Афғонистон хонд ва гуфт: беҳтар аст Вашингтон ба тавофуқномаи Доҳа пойбанд бошад.

 

Вазири хориҷаи Толибон парвози ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро нақзи ҳарими ҳавоӣ Афғонистон хонд ва гуфт: беҳтар аст Вашингтон ба тавофуқномаи Доҳа пойбанд бошад.

Ба гузориш хабарнигори сайти Афғонистон, “Амирхон Муттақӣ”, вазири хориҷаи Толибон имрӯз чаҳоршанбе гуфт: парвози паҳподҳои амрикоӣ дар фазои Афғонистон хилофи тавофуқномаи Доҳа ва қавонини байналмилалӣ аст.

Амирхон Муттақӣ, дар идома хитоб ба Амрико хостори адами нақзи ҳарими ҳавоӣ Афғонистон ва поибанди Вашингтон ба тавофуқнома Доҳа шуд.

Вазири хориҷаи Толибон таъкид кард: ҳамакнун амният дар Афғонистон таъмин гардида ва хок иАфғонистон бар зидди ҳеҷ кишваре истифода намешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки пас аз террори саркардаи Алқоида дар Кобул тавассути Амрико, паҳподҳои амрикоӣ ҳама рӯза дар манотиқи мухталифи Афғонистон дар ҳоли парвоз аст.

Рӯзи гузашта низ бархе манобеъи маҳаллӣ муддаӣ шуданд, ки ҳавопаймои B 52 Амрико низ дар осмони Қандаҳор дида шудааст.

Пас аз эъломи террори раҳбари Алқоида дар Кобул, Пнетагон эълом кардааст, ки бидуни ҳузури неруҳои низомӣ қодир ба ҳадаф қарор додани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон идома хоҳад дод.

“Коле Кол”, муовини вазири дифоъи Амрико тайи суханоне гуфт: «гузориши маҳрамона аз хурӯҷи неруҳои Амрико аз Афғонистон тавассути вазорати дифоъ таҳия ва акнун дар ихтиёри вазири дифоъ қарор дорад.»

Ин мақоми аршади вазорати дифоъ Амрико афзуд: муҳиммтарин далели хурӯҷи Амрико аз Афғонистон тағйири аввалуитҳои стратегии Вашингтон ва тамаркуз бар таҳдиди Чин аст.

Вай яке дигар аз далоили тасмими Байден ба хурӯҷ аз Афғонистонро итминони раиси ҷумҳури Амрико аз муқобила бо таҳдидоти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон бидуни ҳузури низомён унвон кард.

Коле Кол изҳор дошт: «ба назари ман ҳамлае, ки даҳ рӯзи пеш барои террори Аззавоҳирӣ, раҳбари шабакаи Алқоида анҷом шуда натанҳо ба Алқоида балки ба созмонҳои террористии дигар нишон додем, ки дар сурати бурузи ҳар навъ таҳдид ба манофеъи миллии мо қодирем онҳоро ҳадаф қарор диҳем.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад