Руасои ҷумҳури Русия ва Чин ҳафтаи оянда дар “Самарқанд” дидор мекунанд

Сафири Русия дар Чин эълом кард, ки "Владимир Путин", ва "Ши Ҷинг Пинг", дар ҳошияи нишасти созмони ҳамкории Шанхай, ки 15 ва 16 сентябр дар Самарқанди Узбакистон баргузор мешавад, дидор хоҳанд кард.

 

Сафири Русия дар Чин эълом кард, ки “Владимир Путин”, ва “Ши Ҷинг Пинг”, дар ҳошияи нишасти созмони ҳамкории Шанхай, ки 15 ва 16 сентябр дар Самарқанди Узбакистон баргузор мешавад, дидор хоҳанд кард.

Ба гузориши хабаргузории “Русия Ал-Явм”, “Андрей Денисов”, сафири Русия дар Чин гуфт, ки “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия бо “Ши Ҷинг Пинг”, ҳамтои Чини худ дар ҳошияи нишасти созмон ҳамкории Шанхай, ки 15 ва 16 сентябр дар Самарқанди Узбакистон баргузор мешавад, дидор хоҳад кард.

Бар асоси ин гузориш, сафири Русия дар Чин зимни эъломи ин хабар афзуд: дақиқан камтар аз 10 рӯз, раҳбарони мо дубора дар иҷлоси сарони созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд дидор хоҳанд кард ва мо фаъолона барои ин амр омода мешавем.

Вай идома дод: намехоҳам бигӯям, ки иҷлосҳои онлайн ва видео конфронс комил нестанд, аммо дидори мустақим ва рӯ дар рӯ байни раҳбарон шоҳиди ройзаниҳои мутафовит хоҳад буд. Дар ин дидор, ҷаласоти умумӣ ва нишастҳои мухталифе аз ҷумла нишасти комил байни раҳбарони мо бо дастури кори дақиқ баргузор хоҳад шуд ва мо акнун дар воқеъ бо шуракои Чинии худ дар ин замина кор мекунем.

Ин дар ҳоле аст, ки Дмитрий Песков, сухангӯи дафтари риёсати ҷумҳурии Русия (Керемл) дирӯз се шанбе дар суханоне аз боздиди Владимир Путин, раиси ҷумҳури кишвараш аз размоишҳои низомӣ, ки бо ширкати чанд кишвари муттаҳиди Русия ба вижа Чин баргузор шудааст, хабар дод.

Гуфтнӣ аст, ки ройзаниҳо ва машваратҳои Русия ва Чин ва ҳамгароӣ байни ду кишвар алайҳи Амрико ба вижа пас аз таҳаввулоти Украина ва Тайван афзоиш ёфтааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад