Паёмадҳои таҳримҳои Ғарб таҳдиде барои кулли ҷаҳон аст

Президенти Русия зимни баёни инки Амрико пояҳои назми иқтисодии ҷаҳонро заиф кардааст гуфт, ки паёмадҳои таҳримҳое, ки Ғарб эҷод кардааст таҳдиде барои кулли ҷаҳон аст.

Владимир Путин, Президенти Русия дар нишасти Анҷумани иқтисодии шарқӣ (EEF) зимни баёни инки Амрико пояҳои назми иқтисодии ҷаҳонро тазъиф кардааст, гуфт: “коронавирус бо чолишҳои дигар ҷойгузин шуда, ки кулли ҷаҳонро таҳдид мекунад мо дар мавриди паёмадҳои таҳрим суҳбат мекунем”.

Путин дар бораи таъсири баракси таҳримҳои Ғарб изҳор дошт: “таҳримҳои зидди Русия боиси таътилии касбукорҳо дар Аврупо мешавад. Амрико, Англис ва Иттиҳодияи Аврупо бо буҳронҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мувоҷеҳ ҳастанд зеро сарони онҳо ба ниёзҳои мардуми худ бетаваҷҷӯҳӣ мекунанд”.

Вай сипас бо баёни инки Русия бо таҳоҷуми иқтисодиву фанноварии Ғарб муқобила мекунад, илова кард: “эътимод ба доллари Амрико аз байн рафта, ҳатто муттаҳидони Амрико ҳам дар ҳоли коҳиши дороиҳои худ ба доллар ҳастанд. Барои пардохтҳои газӣ аз рублу юон истифода хоҳад шуд”.

Ба гузориши расонаҳои русӣ, Президенти Русия дар идома таъкид кард, ки кулли низоми равобити байналмилалӣ тағйир карда ва назми ҷаҳонӣ бо тағйири қавонин саъй дар ҳифз шудан дорад. Ӯ бо баёни ин, ки нақши Осиё-Уқёнусия ба шакли қобили тавваҷӯҳ афзоиш ёфта гуфт: “аксарияти мутлақи кишварҳои минтақаи Осиё-Уқёнусия сиёсати вайронгари таҳримҳоро намепазиранд. Иқтисодҳои осиёӣ сареътар аз кишварҳои ғарбӣ дар ҳоли рушд аст ва ин раванд дар оянда идома хоҳад ёфт.

Путин тасреҳ кард, “Русия ҳамвора аз манофеи миллии худ дифоъ мекунад сиёсати мустақилеро дунбол мекунад ва барои ҳамин ба вижагиҳои шарикони худ арзиш қоил аст. Мунзавӣ кардани Русия имкон пазир нест”.

Президенти Русия дар бахши дигаре аз суханонаш гуфт: “Русия нақши худро дар содироти ғаллот аз Украина иҷро кард, аммо маҳмулаҳо ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо рафт на кишварҳои дар ҳоли тавсеа.

Ӯ бори дигар дар хусуси амалиёти низомии Русия дар Украина гуфт, ки Маскав оғозгар набуд ва тасреҳ кард: “Русия аз 24 феврал (оғози амалиёти низомии вижаи Русия дар Украина) чизе аз даст надода, аммо дастоварди асосӣ тақвияти ҳокимият аст. Русия даргириҳои мусаллаҳонаро дар Украина оғоз накард, аммо дар талош аст то пас аз ошуби соли 2014 бо ҳимояти Амрико, ба он поён диҳад. Фақат дар талошем то ба он поён диҳем ва ин вазифаи мо аст, ки аз мардуми Донбасс муҳофизат кунем.

Раисҷумҳури Русия ахиран ҳам дар изҳороте гуфт, ҳамаи талошҳои ин кишвар барои ҳалли мусолиматомези буҳрони Украини бо шикаст мувоҷеҳ шуд ва таъкид кард вазифаи Русия аст, ки ба мардуми Донбасс кумак кунад.

кишварҳои ғарбӣ бавижа Амрикову Англис аз замони оғози буҳрони Украина, зимни иҷрои таҳримҳои шадид алайҳи Русия ба кумакҳои низомӣ, таслеҳотӣ ва молии ҳама ҷониба аз Украина рӯй овардаанд.

Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия рӯзи гузашта дар ишора ба кумаки молӣ ва низомии Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва соири кишварҳо ба Украина дар миёнаи даргириҳо дар ин кишвар гуфт: ҷиддӣ будани вазъияти кунунӣ набояд кам шуморида шавад. Ҷанге бо тамоми қудрат алайҳи мо эълон шуда, ки ба сурати таркибӣ дар ҷараён аст. Мизони хусумати мухолифони мо-душманони мо-зиёд ва ғайри оддӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад