Паси пардаи ҳамла ба сафорати Русия дар Кобул

Чунин ба назар мерасад, ки дӯстии наздики Толибон бо ҳукумати Русия ба баъзе гурӯҳҳо дар Афғонистон чандон писанд наомадааст.

Дар Кобул пойтахти Афғонистон таркише дар наздикии сафорати Русия, сабаби кушта шудани ду корманди рус шуд. Аз наҳва ва маҳалли амалёти террористӣ мушаххас буд, ки ҳадафи асосии ин таркиш сафоратхонаи Русия аст. ДИИШ каме баъд масъулияти ин ҳодисаро бар уҳда гирифт ва маълум шуд, ки ҳадди ақал 6 нафар дар ин ҳодиса кушта шудаанд. Ҳамзамон бо пазириши масъулияти ин ҳамла аз суи ДИИШ, Вазорати хориҷаи Толибон дар баёнияе навишт ин ҳамларо ба шиддат маҳкум ва бо давлату мардуми Русия ва хонаводаҳои кушташудагон ибрози ҳамдардӣ мекунад. Дар ин баёния ба равобити наздики Толибон ва Русия ҳам ишора шуда буд. Амре, ки ба назар мерасад метавонад яке аз сабабҳои асосии таркиш ва кушта шудани кормандони рус бошад.

Ба назари бархе аз коршиносон ДИИШ пӯшише барои анҷоми фаъолиятҳои террористӣ аз ҷумла сафорати Русия дар Кобул аст. Яъне гуруҳҳои мухолиф фаъолиятҳои террорисиро анҷом дода ва ҳамаро ба гардани ДИИШ мезананд. Қабл аз ба қудрат расидани Толибон ҳама чиз ба номи ДИИШ ва Толибон матраҳ мешуд. Аммо дар як соли ахир ҳамаи ин мавридҳо ба гардани ДИИШ афтодааст. Аммо гуруҳҳои мухолиф ҳар кадом бар асоси манофеи худ даст ба иқдомоти террористӣ зада ва ба гардани ДИИШ мезананд.

Гуфта мешавад, ки мумкин аст ин ҳамла ҳушдоре ба русҳо бошад то ба давлати Толибон наздик нашаванд ё нақши боздорандагӣ дорад, ки русҳоро аз ин масире, ки дар Афғонистон пеш гирифтаанд баргардонанд. Мумкин ҳам ҳаст, ки интиқоме бошад, ки русҳо дар Сурия ба ДИИШ задааст.

Як назарияи дигар он аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба эътирофи мақомти амрикоӣ, ки эълон кардаанд ДИИШ-ро Амрико ба вуҷуд овардааст, ин ҳодисаро Амрико ба кумаки ДИИШ рақам задааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад