Маҳкумияти ҳамла ба сафорати Русия дар Кобул аз ҷониби Узбакистон

Узбакистон иқдоми террористӣ наздики сафорати Русия дар Кобулро маҳкум кард.

 

Вазорати умури хориҷаи Узбакистон зимни судури баёнияе, иқдоми террористии анҷомшуда дар наздики бахши консулии сафорати Русия дар Кобулро, ки сабаби кушта шудани кормандони сафорати Русия ва шаҳрвандони Афғонистон шуд, ба шиддат маҳкум кард.

Вазорати умури хориҷаи Узбакистон дар баёнияи худ гуфт: “мо хостори анҷоми тамоми иқдомоти лозим барои шиносоии созмондеҳандагон ва иҷрокунандагони ин иқдоми ғайриинсонӣ ҳастем.

Вазорати умури хориҷаи Узбакистон дар поён унвон кард: “тарафи Узбакистонӣ таслияти самимонаи худро бо хонаводаҳо ва наздикони қурбониён иброз ва ҳамчунин орзуи шифои фаврии осебдидагонро дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад