Қазоқистон иқдоми террористӣ наздики сафорати Русия дар Кобулро маҳкум кард

Қазоқистон иқдоми террористӣ наздики сафорати Русия дар Кобулро, ки ба кушта шудани дипломатҳои рус анҷомид, ба шиддат маҳкум кард.  

Қазоқистон иқдоми террористӣ наздики сафорати Русия дар Кобулро, ки ба кушта шудани дипломатҳои рус анҷомид, ба шиддат маҳкум кард.

Дар ин баёния омадааст: Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон иқдоми террористии 5 сентябри 2022 дар наздики сохтмони сафорати Русия дар шаҳри Кобулро, ки ба аз даст додани ҷони дипломатҳои рус шуд, ба шиддат маҳкум мекунад.

Дар идомаи ин баёния омадааст: Мо лозим медонем, то тарафи афғон дар мавриди ин рӯйдод таҳқиқоти комил анҷом диҳад ва омилони онро мутобиқи қонун ба шиддат муҷозот кунад ва ҳамчунин иқдомоти лозим барои таъмини ҳифозат аз сафоратхонаҳо ва шаҳрвандони хориҷии муқими Афғонистонро анҷом диҳад.

 Ҷониби Қазоқистон аз талошҳои ҷомеаи байналмилал дар масъалаи мубориза бо терроризм ҳимоят мекунад ва ҳаргуна хушунат алайҳи намояндагиҳои дипломатик ва кормандони онҳоро ғайриқобили қабул медонад.

Дар ин баёния таъкид шудааст; мо амиқтарин таслияти худро ба Вазорати умури хориҷаи Русия, хонаводаҳо ва дӯстони қурбониён иброз медорем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад